Дабири кулли СҲШ: «Баимзорасии Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таъмини сулҳу субот дар минтақа ва фазои СҲШ мусоидат менамояд»
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаевро ба ҳузур пазируфтанд, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҷараёни вохӯрӣ Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Тоҷикистонро бо рӯйдоди на танҳо барои робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим – имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ табрик гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай яке аз аввалинҳо шуда, аҳамияти таърихии ин рӯйдодро баён намуд ва нақши онро дар таҳкими сулҳу субот ҳам дар минтақа ва ҳам дар фазои ин созмон муҳим арзёбӣ намуд.
«Созмони ҳамкории Шанхай аз лаҳзаҳои нахустин нақши ин рӯйдодро, ки на танҳо ба суботу оромӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд, балки барои тамоми ҳамкории Шанхай намунаи ибрат маҳсуб мешавад, эътироф намуд»,-иброз дошт Нурлан Ермекбаев дар брифинг барои воситаҳои ахбори омма аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай фаъолона иштирок намуда, ҳам дар сатҳи сарони давлатҳо ва ҳам дар сатҳи вазирони соҳавӣ ташаббусҳои зиёд пешниҳод менамояд. Ин ташаббусҳо, ба назари ӯ, аллакай аз тарафи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай татбиқ карда шуда, баъзеи дигар ба таври фаъолона дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.
Нурлан Ермекбаев диққати махсусро ба ташаббуси таъсиси Маркази махсуси мубориза бо маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе равона намуд. Ин марказ дар ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият менамояд.
Ҳамзамон Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай нақши Тоҷикистонро дар таҳияи Стратегияи рушди иқтисодии созмон, ки соли 2023 қабул гардид, таъкид намуд. Ин ҳуҷҷат равишҳои консептуалии ҳамкории иқтисодии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки соҳаҳои робитаҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт ва саноатро дар бар мегиранд, муттаҳид менамояд.
Нурлан Ермекбаев хизмати муҳими Президенти Тоҷикистонро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об иброз намуд. Ӯ ёдовар шуд, ки дар 20 соли охир доир ба ин масъала аз ҷониби Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид тақрибан 10 қатънома қабул гардид. Соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон Соли байналмилалии ҳифзи пряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид.
«Ин тадбирҳо ба авлавияти кунунии Созмони ҳамкории Шанхай дар чаҳорчӯби Соли рушди устувор, ки аз ҷониби Чин эълон гардидааст, мувофиқ мебошанд. Яке аз омилҳои муҳими рушди устувор таъмини об, ҳифзи пиряхҳо ва муҳити зист мебошад»,-афзуд Дабири кулл.
Инчунин аҳамияти Осиёи Марказӣ ҳамчун «асос»-и Созмони ҳамкории Шанхай таъкид шуд. Зимни вохӯрӣ ба ҳамкории якҷоя доир ба масъалаҳои таъмини амну субот, соҳаҳои саноат, тиҷорат ва нақлиёти Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, тавсеа додани ин ҳамкорӣ дар тамоми доираи Созмони ҳамкории Шанхай таъкид шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд






