Дар Агентии амнияти химиявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Он дар таърихи фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид яке аз қатъномаҳои нодир маҳсуб мешавад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалии пиряхҳо ва ҳам Соли байналмилали ҳифзи пиряхҳо (2025) дарҷ гардидааст.
Гуфта шуд, ки Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар Тоҷикистон, дар пешбурди ин ташаббус саҳми худро мегузорад. Ниҳоди мазкур дар ҳамкорӣ бо АБНА лоиҳаҳои муҳимро амалӣ карда, ба ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим саҳми назаррас мегузорад.
Яке аз намунаҳои барҷастаи ин ҳамкорӣ лоиҳаи миллии TAD7004 мебошад. Соли 2022 коршиносони АБНА дар асоси ин лоиҳа аз Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуда, ба фаъолият ва раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баҳои баланд доданд. Лоиҳаи мазкур ба ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии пиряхҳо ва барфҳо нигаронида шуда, ба пешгирии оқибатҳои манфии обшавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Таъкид гардид, ки Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи барномаҳои АБНА ва омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баргузор намудани як чорабинии канорӣ бо иштироки намояндагон аз 30 давлати узви АБНА-ро дар нақша дорад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»






