Дар Бадахшон мусобиқаи вилоятӣ бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъбаст гардид

Март 10, 2025 17:00

 ДУШАНБЕ, 10.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи вилоятӣ аз намуди волейбол барои дарёфти Ҷоми раиси вилоят  байни дастаҳои духтарона ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Дар мусобиқа 10 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуд.  Ҷоми Раиси вилоят ва ҷойи якумро дастаи Роштқалъа сазовор гардид.

Иброз гардид, ки имрӯз давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳар варзишгарзан таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса дорад. Бинобар ин, ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу ғамхориҳо пайваста барои шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол занон низ дар қатори мардон ва чун шарики боэътимод дар кулли чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ бо саҳмгузорӣ ва иштироки фаъолона, хираду заковат ва матонату диловарӣ намунаи ибрат мебошанд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Март 10, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад