Дар Бадахшон мусобиқаи вилоятӣ бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 10.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи вилоятӣ аз намуди волейбол барои дарёфти Ҷоми раиси вилоят байни дастаҳои духтарона ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.
Дар мусобиқа 10 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуд. Ҷоми Раиси вилоят ва ҷойи якумро дастаи Роштқалъа сазовор гардид.
Иброз гардид, ки имрӯз давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳар варзишгарзан таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса дорад. Бинобар ин, ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу ғамхориҳо пайваста барои шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол занон низ дар қатори мардон ва чун шарики боэътимод дар кулли чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ бо саҳмгузорӣ ва иштироки фаъолона, хираду заковат ва матонату диловарӣ намунаи ибрат мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






