Дар Бадахшон оид ба истифодаи интернет ҳамоиш доир шуд

Март 15, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 15.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи омори расмӣ, 75 фоизи аҳолии сайёраро истифодабарандагони интернет ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакати мо ин шумора ба 4,8 миллион нафар расидааст. Дар ин хусус  зимни ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода шуд.

Интернет дар баробари он ки дорои паҳлуҳои мусбат аст, ҳамчунин паҳлуҳои манфӣ низ дорад. Зеро таввасути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои ҷинояткори манфиатхоҳ андешаҳои ғаразноки худро амалӣ менамоянд. Аз ин рӯ ҷавонон ва наврасон бояд фарҳанги истифодаи онро донанд ва  волидайн онҳоро пайваста назорат кунанд.

Зимни ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчунин иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт тадбирҳои муҳим меандешад. Баргузории  ҳамоишҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни наврасону ҷавонон аз қабили чунин тадбирҳо мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 15, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид