Дар Чин бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Форуми ҷаҳонии олимон идома дорад

Март 17, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 март дар шаҳри Чендуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба 21 март- Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Форуми ҷаҳонии олимон оид ба ҳифзи пиряхҳо идома оғоз гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, форум бо ташаббуси Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Институти экология, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ ва Институти хатарҳои кӯҳӣ ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил шуда, то 18 март  идома меёбад.

Масъалаҳои таназзулёбии пиряхҳо, омӯзиши фосилавии пиряхҳо, ҳамкории илмии байналмилалӣ дар самти илмҳои криосфера, пешгирии офатҳои табиӣ, нақши ташкилоти байналмилалӣ дар ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ҳифзи пиряхҳо, баргузории конфронси байналмилалии пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар масъалаҳо дар форум баррасӣ гардиданд.

Олимону коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, онҳоро ҳамчун роҳнамо барои фаъолияти илмию таҳқиқотии олимон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об ва омӯзишу ҳифзи пиряхҳо тавсиф намуданд.

Ҳадафи асосии форум баланд бардоштани огоҳии ҷомеи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои обшавии пиряхҳо ва оқибати он, инчунин андешидани тадбирҳо ва таҳияи чорабиниҳои муассир барои ҳифзи онҳо, мубодилаи дастовардҳои илмӣ, баррасии ҳалли инноватсионии ҳифзи пиряхҳо ва экосистемаҳои онҳо мебошад.

Дар доираи форум директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Назриало Шерализода бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла бо рӯзноманигорони Гурӯҳи расонаҳои Чин (CMG) дар бораи ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти обу иқлим, хусусан соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе мусоҳиба анҷом дод.

Боиси ёдоварӣ аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни ҷаласаи 77-ум дар заминаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуда, Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳоро таъсис дод.

Инчунин тибқи ин қатънома 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 17, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид