Дар доираи тарҳи минтақавии «CASA-1000» сохтмони истгоҳи конверторӣ бо иқтидори 1300 мегаватт ба анҷом расид

Март 27, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи «CASA-1000» дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон сохтмони истгоҳи конверторӣ бо иқтидори 1300 мегаватт ба анҷом расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иншоот дар 43 гектар доман густурда, таҷҳизоти асосии он дар 25 гектар ҷойгир карда шудааст. Истгоҳ аз марҳилаи санҷиши техникӣ муваффақона гузашт. Иншоот дар асоси технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бунёд гардида, имконият медиҳад, ки интиқоли барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ самаранок ва бо талафоти камтар амалӣ гардад.

Лоиҳаи «CASA-1000» аввалин ташаббуси бузурги энергетикӣ мебошад, ки ду минтақаи муҳим — Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро бо ҳам мепайвандад.

Илова бар ин лоиҳа на танҳо ба рушди инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон мусоидат менамояд, балки дар таъмини устувории низоми барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ низ нақши муҳим мебозад.

Татбиқи Лоиҳаи «CASA-1000» далели равшани саҳми Тоҷикистон дар рушди иқтисоди «сабз» ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.

Бо истифодаи босамари иқтидори гидроэнергетикӣ Тоҷикистон на танҳо дар таъмини бозори минтақавии неруи барқ саҳм мегузорад, балки мавқеи худро ҳамчун яке аз таъминкунандагони асосии энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар Осиё тақвият мебахшад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст