Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 11.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим таъсис дода шуд, ки бо таҳҷизоти муосири таълимӣ-таҳқиқотӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим барои амалинамоии ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани 21 март, ки 14 декабри соли 2022 бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ташкил шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа чун мамлакати дорои захираҳои бузурги обу пирях шинохта мешавад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бузурги оби тоза дар минтақа дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва обҳои тоза фаъол мебошад. Ҳифзи пиряхҳо ҳифзи ҳаёт ва ояндаи инсоният мебошад».
Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо ҳадафи омӯзиш, таҳлил ва татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст. Мақсади бунёд шудани марказ, пеш аз ҳама, аз инҳо иборат аст:
- Омӯзиши ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон – таҳқиқ ва баррасии пешниҳодҳои Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои об ва кам намудани таъсири тағйирёбии иқлим.
- Таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ. Шинос намудани ҷавонон бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ.
- Таҳқиқоти илмӣ – гузаронидани таҳқиқот оид ба идоракунии устувори об, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим.
- Таълими кадрҳо ва омӯзиши ҷавонон – баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва муҳаққиқон дар соҳаи об ва иқлим тавассути семинарҳо, тренингҳо ва ҳамкории байналмилалӣ.
- Инкишофи ҳамкорӣ – таъсиси робитаҳо бо донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва ташкилоти байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба ва таҳияи барномаҳои муштарак ва ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои экологии сатҳи миллӣ ва минтақавӣ.
- Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ – фаъолона тарғиб намудани сиёсати экологӣ ва иқлимии Тоҷикистон дар сатҳи маҳаллӣ ва байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо расонаҳо барои баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи ташаббусҳои Пешвои миллат.
Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим ҳамчун ниҳоди илмӣ, таҳлилӣ, маърифатӣ ва идеологӣ фаъолият намуда, ба омӯзиши амиқи масъалаҳои обу иқлим, пешбурди сиёсати экологии Тоҷикистон ва тарбияи мутахассисони соҳа равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир мегардад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев








Маркази миллии тестӣ: «Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз гардид»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА нақшаи чорабиниҳои муштарак ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА ДАР МЕҲВАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ». Бо чунин унвон ҳамоиш доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Cокина ва китобхонаи деҳаи Хуррамзаминро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ифтитоҳ намуданд






