Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ифтитоҳ ёфт

Март 11, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 11.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим таъсис дода шуд, ки бо таҳҷизоти муосири таълимӣ-таҳқиқотӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим барои амалинамоии ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани 21 март, ки 14 декабри соли 2022 бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ташкил шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа чун мамлакати дорои захираҳои бузурги обу пирях шинохта мешавад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бузурги оби тоза дар минтақа дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва обҳои тоза фаъол мебошад. Ҳифзи пиряхҳо ҳифзи ҳаёт ва ояндаи инсоният мебошад».

Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо ҳадафи омӯзиш, таҳлил ва татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст. Мақсади бунёд шудани марказ, пеш аз ҳама, аз инҳо иборат аст:

  1. Омӯзиши ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон – таҳқиқ ва баррасии пешниҳодҳои Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои об ва кам намудани таъсири тағйирёбии иқлим.
  2. Таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ. Шинос намудани ҷавонон бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ.
  3. Таҳқиқоти илмӣ – гузаронидани таҳқиқот оид ба идоракунии устувори об, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим.
  4. Таълими кадрҳо ва омӯзиши ҷавонон – баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва муҳаққиқон дар соҳаи об ва иқлим тавассути семинарҳо, тренингҳо ва ҳамкории байналмилалӣ.
  5. Инкишофи ҳамкорӣ – таъсиси робитаҳо бо донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва ташкилоти байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба ва таҳияи барномаҳои муштарак ва ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои экологии сатҳи миллӣ ва минтақавӣ.
  6. Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ – фаъолона тарғиб намудани сиёсати экологӣ ва иқлимии Тоҷикистон дар сатҳи маҳаллӣ ва байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо расонаҳо барои баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи ташаббусҳои Пешвои миллат.

Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим  ҳамчун ниҳоди илмӣ, таҳлилӣ, маърифатӣ ва идеологӣ фаъолият намуда, ба омӯзиши амиқи масъалаҳои обу иқлим, пешбурди сиёсати экологии Тоҷикистон ва тарбияи мутахассисони соҳа равона шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир мегардад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Март 11, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии математика соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Мактаби тобистонаи байналмилалӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 36 муассисаи таълимӣ ба таври шартӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шаш ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои томактабӣ бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон сатҳи дониш ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ баланд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ 13 Шурои экспертӣ фаъолият доранд
Соли равон 85 хатмкунандаи Академияи идоракунии давлатӣ соҳиби дипломи аъло шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Академияи идоракунии давлатӣ аз рӯйи 31 ихтисос мутахассис омода менамояд