Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид

ДУШАНБЕ, 06.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Дилшод Раҳмон иброз намуд, ки ҷашни фархундаи Рӯзи Модар расидани баҳори хуҷастапай ва ҷашни Наврӯзи Аҷам буда, дар ин айём табиат аз нав эҳё ва хурраму дилкаш мегардад.
«Занону духтарон либосҳои миллии чакан, атласу адрас ба бар карда, фазои кӯчаву хиёбон, боғу гулгаштҳо ва идораю корхонаҳо намои идона мегирад. Рангорангии табиат ва тобишҳои рангҳои либосҳои миллӣ ба ҳусни модарону духтарони мо зебоию назокати бештар зам мекунад. Яъне, фасли баҳор, ки ба табиати модарону хоҳарони мо созгор аст, сиришти зебоипарастии онҳоро таровати баҳорона мебахшад», — гуфт ректори донишкада.
Таъкид шуд, ки 41 фоизи кормандони донишгоҳро занон ташкил медиҳанд, ки дар зинаҳои гуногун фаъолият доранд.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб имрӯз бо кормандон ва дастпарварони муассиса, ки дар оғӯши ин боргоҳи илму маърифат-парвозгоҳи ҳазорон фарзандони фарзонаву номвар, ходимони варзидаи илмиву сиёсӣ, ҳомиёни ҷонфидою эҳёбахши адабу фарҳанги миллӣ, равнақбахшони пурмаҳсули Ватани азизу маҳбуб парвариш ёфтаю аз ҳамин даргоҳи муқаддас ба ҷодаи камолот гомҳои устувор гузоштаанд ва номи донишгоҳи хешро то қуллаҳои баланди шуҳрат бурдаанд, ифтихор менамояд.
Дар идома як гурӯҳ омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни муассиса барои саҳми назаррас дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию фарҳангӣ, фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорӣ, тарбияи насли худогоҳу ватандӯст, омодасозии мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо «Сипоснома» сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ