Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб маҳфили «Парвози шоҳин» фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 10.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ маҳфили адабии «Парвози шоҳин» фаъолият менамояд, ки дар он даҳҳо нафар навқаламон ҷамъ омада, ба эҷоди назму наср машғул мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Аъзои ин маҳфил ҳамасола дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ низ гардидаанд. Ҳоло дар маҳфил омодагӣ барои иштирок дар озмун идома дорад.
Имсол ташкилкунандагон нақша доранд, ки моҳе як маротиба шоирону нависандагон ва адибони шинохтаи мамлакатро даъват намуда, суҳбат ва мулоқоти судманд доир намоянд.
Барои аз наздик шинос шудан бо эҷодиёти шоирону нависандагон ва гирифтани маслиҳатҳои судманд маҳфили «Парвози шоҳин» имкони хуб мебошад. Инчунин аъзои ин маҳфил дар ҳамоишҳои фарҳангии шаҳрӣ фаъолона иштирок менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






