Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои шиносо намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо имконот ва заминаи моддию таълимии донишгоҳ Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, 400 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо намоиши дастовардҳои донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён шинос шуданд. Ба довталабон оид ба фаъолияти донишгоҳ ва факултетҳо варақаҳои маълумотию тарғиботӣ пешкаш карда шуданд.
Зимни муаррифии имконоту дастовардҳои муассисаи таълимӣ иброз гардид, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии ҷумҳурӣ дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ба шумор рафта, барои баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, хосса омӯзгорони ҷавон, тақвияти зарфияти илмии муассиса, такмили барномаҳои таълимӣ, тарғибу ташвиқи идеяҳои ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлоли давлатӣ байни донишҷӯён иқдоми мушаххас амалӣ менамояд.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб қабули довталабонро барои соли таҳсили 2025-2026 дар 10 факултет бо 63 ихтисос эълон намудааст. Донишгоҳ дорои хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон, 8 марказ, аз ҷумла маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон», табъу нашр, рушди касбият, ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ, китобхонаи барҳаво, китобхонаи электронии пайваст бо интернети баландсуръат, Парки технологӣ, қитъаҳои таҷрибавию истеҳсолӣ, лабораторияҳо мебошад. Ба муҳассилин 502 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба, профессорон ва докторону номзадҳои илм таълим медиҳанд.
Дар донишгоҳ шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо, шуъбаи магистратура, докторантураи PhD фаъолият менамояд, ки дар омода намудани кадрҳо саҳми беназир доранд. Танҳо соли 2024 аз ҳисоби омӯзгорон — хатмкунандагони донишгоҳ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 18 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ








Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд






