Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд

Март 2, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 01.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои шиносо намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо имконот ва заминаи моддию таълимии донишгоҳ Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, 400 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо намоиши дастовардҳои донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён шинос шуданд. Ба довталабон оид ба фаъолияти донишгоҳ ва факултетҳо варақаҳои маълумотию тарғиботӣ  пешкаш карда шуданд.

Зимни муаррифии имконоту дастовардҳои муассисаи таълимӣ иброз гардид, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии ҷумҳурӣ дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ба шумор рафта, барои баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, хосса омӯзгорони ҷавон, тақвияти зарфияти илмии муассиса, такмили барномаҳои таълимӣ, тарғибу ташвиқи идеяҳои ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлоли давлатӣ байни донишҷӯён иқдоми мушаххас амалӣ менамояд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб қабули довталабонро барои соли таҳсили 2025-2026 дар 10 факултет бо 63 ихтисос эълон намудааст. Донишгоҳ дорои хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон, 8 марказ, аз ҷумла маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон», табъу нашр, рушди касбият, ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ, китобхонаи барҳаво, китобхонаи электронии пайваст бо интернети баландсуръат, Парки технологӣ, қитъаҳои таҷрибавию истеҳсолӣ, лабораторияҳо мебошад. Ба муҳассилин 502 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба, профессорон ва докторону номзадҳои илм таълим медиҳанд.

Дар донишгоҳ шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо, шуъбаи магистратура, докторантураи PhD фаъолият менамояд, ки дар омода намудани кадрҳо саҳми беназир доранд. Танҳо  соли 2024 аз ҳисоби омӯзгорон — хатмкунандагони донишгоҳ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 18 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Март 2, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд