Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вобаста ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон вохӯрӣ баргузор шуд

Март 17, 2025 15:53

ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир ба сиёсати ҷавонон ва ватандӯстии шаҳрвандон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» мулоқот  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ иброз шуд, ки имрӯзҳо ҷаҳон дар вазъияти хеле душвори геополитикӣ қарор дорад. Мо, мардуми Тоҷикистонро мебояд ба қадри сулҳу субот ва осоиштагии ҷумҳуриамон бирасем ва марзу буми онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамеша зери таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа эътироф шудаанд.

Аз ҷавонон даъват ба  амал оварда шуд, ки барои таблиғи либоси миллӣ ва нагаравидан ба фарҳангҳои бегона диққати аввалиндараҷа диҳанд. Дар оянда мутахассисони касбӣ шуда, ҳамчун фарди ватандӯст пайваста барои рушду нумуи Тоҷикистон талош намоянд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Март 17, 2025 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд