Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои пешаздаъватӣ ва бо мақсади ҷалби сифатан хуби ҷавонписарони солиму бардам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат-раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ ва бо иштироки масъулини мақомоти давлатии вобаста ба даъват ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод хабар медиҳад.
Дар ҷаласа нахуст муҳиммияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» таъкид гардид.
Дар робита ба ин роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ибрози назар намуданд. Изҳор гардид, ки дар чунин шароити бисёр ҳассоси минтақа ва ҷаҳон ҳар фарди низомиро мебояд аз ҳарвақта дида, дар самти иҷрои вазифаю уҳдадориҳои хизматӣ бо масъулияти баланд муносибат намояд ва барои боз ҳам тақвият бахшидани Артиши миллӣ, ки ба сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани иқтидори мудифиавии мамлакат таъсир мерасонад, ҷаҳду талош намояд.
Дар ҷаласа Сарпрокурори ҳарбӣ ва дигар масъулини ин чорабинии муҳими сиёсӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирии роҳҳои ғайриқонунии даъват, коҳиш додани сатҳи содиршавии ҳама гуна ҷиноят ва диққати аввалиндараҷа зоҳир намудан ба сифати даъвати шаҳрвандон таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Тоҷикистон-раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ барои бартараф намудани ҳама гуна монеаю мушкилоти ҷойдошта супориш дод, ки масъулини комиссияҳои даъватӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамоҳангӣ намуда, барои сифатан хуб ташкил намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамкориро бо мардум, ҷавонони синни даъватӣ, волидони онҳо ва дигар афроди некбини ҷомеа бештар намоянд. Ҳамчунин дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботиро дар самти бедор намудани эҳсоси худогоҳию худшиносии миллӣ, зарурати хизмати ҳарбӣ ва адои вазифаи ҷавонмардӣ боз ҳам тақвият бахшанд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






