Дар Душанбе ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид

Март 14, 2025 14:52

ДУШАНБЕ, 14.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ таҳти раёсати Раиси Платформаи миллӣ-муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони платформаи миллӣ мебошанд, иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳо вобаста ба тадбирҳои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, татбиқи «Стратегияи миллӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ барои давраи то соли 2037» ва маблағгузорӣ аз ҳисоби фонди захиравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои 2023-2027», инчунин татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳо дар соҳаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ҷаласа бо мақсади пурзӯр намудани фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор ва густариши ҳамкории мақомот бо шарикони рушд гузаронида шуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки дар Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои паст намудани хавфи офатҳои табиӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мегардад.

Маҳз бо мақсади ҳалли ин масъалаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми муҳим пеш гирифт. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳо шуда, Платформаи миллӣ таъсис дод ва «Стратегияи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034»-ро бо ҳадафҳои мушаххас қабул намуд.

«Офатҳои табиӣ ҳамасола сабаби талафоти ҷонӣ ва зарари зиёди молию моддӣ мегарданд. Аз ҷумла, ба маҳаллаҳои аҳолинишин таъсири манфӣ расонида, боиси харобшавии инфрасохтор ва монеи рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии давлатҳо мегарданд. Аз ин рӯ масъалаи паст кардани хавфи офатҳо аз ҷумлаи масъалаҳои рӯзномаи глобалӣ, ба монанди обу иқлим мебошад»,-изҳор дошт Сулаймон Зиёзода.

Зимни ҷаласа иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 таъкид намуданд, ки «мо бояд ҳамкориро дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имконияти мавҷуда идома дода, барои тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем».

Дар ҷаласа намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иброз доштанд, ки Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳадаф аз он муттаҳид намудани давлатҳои ҷаҳон барои ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об ва иқлим мебошад. Дар ин замина тамоми давлатҳоро зарур аст, ки ба ин масъала диққати махсус ва аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳамчунин зимни ҷаласаи Платформаи миллӣ гуфта шуд, ки давоми чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон беш аз 1000 пирях об шуда, пиряхҳои калонтарин аз лиҳози ҳаҷм ва масоҳат кам гардидаанд.

Маҳз ба ҳамин хотир Президенти Тоҷикистон ташаббус оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Ҳамин буд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Дар охир аъзо ва иштирокчиёни ҷаласаи Платформаи миллӣ доир ба масъалаи рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи самараноки воситаҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ҷудогардида табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2012 таъсис дода шудааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 14, 2025 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии ИДМ амалияи татбиқи шартномаҳо оид ба ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Прокуророни Тоҷикистон ва Узбекистон масоили мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ ва муташаккилро баррасӣ намуданд
Машқҳои муштараки неруҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои СААД бо номи «Бародарии шикастнопазир-2025» оғоз шуданд
Байни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории мақомоти прокуратураҳои ҳарбӣ ду Созишнома ба имзо расид
Дар Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» гузаронида мешавад
Прокуророни генералии Тоҷикистон ва Қирғизистон таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд
Дар мулоқоти Прокурори генералии Тоҷикистон бо Дабири кулли СААД масоили амнияти дастҷамъӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми минтақавӣ-иҷлосияи роҳбарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Вохӯрии навбатии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баргузор гардид
Дар «Фахробод» машқҳои муштараки сулҳҷӯёнаи «Бародарии шикастнопазир — 2025» доир мегарданд
Машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» расман оғоз гардиданд