Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши сатҳи баланд баргузор шуд

Март 25, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 25.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар доираи ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши сатҳи баланд баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, намояндагони сафоратхонаҳо ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, меҳмонони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.

Баробари ташкилоту муассисаҳои дигар намоишгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти баргузор шуд, ки дар он аксу мусаварраҳо аз табиати нотакрори мамлакат, бахусус манбаъҳои обӣ ва пиряхҳои Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуданд. Ҳадафи ин намоишгоҳ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба аҳамияти ҳифзи муҳити зист, захираҳои обӣ, аз ҷумла пиряхҳо ва кумак ба коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим мебошад.

Иброз гардид, ки моро дар пеш ҳамоишу чорабиниҳои муҳими экологии сатҳи баланд, аз ҷумла Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки мизбони он пойтахтамон шаҳри Душанбе мебошад, интизор аст. Ҳамгироёна амал намудан дар ҳамаи масъалаҳои марбут ба обу пиряхҳо, пеш аз ҳама табиати кулли сайёра барои наслҳои оянда ҳифз гардида, аз ҷумла амнияти экологии аҳолӣ ва мавҷудоти дигари зиндаи он таъмин мегардад.

Бо дарназардошти нақши Тоҷикистон ҳамчун давлати пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ, таҷлили ин сана бо иштироки намояндагони гуногун ва мадди аввал қарор доштани масъалаҳои марбут ба обу иқлим аҳамияти хосса касб мекунад. Чорабинӣ ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи захираҳои табиӣ, рушди устувор ва татбиқи нақшаҳои амал дар ин самт мусоидат хоҳад намуд.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», пешниҳоди эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид ва таъсиси Фонди махсуси ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, дар доираи ин ҳамоиш мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор дода шуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 25, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид