Дар Душанбе дар мавзуи «Баробарӣ ва тавонмандсозии гендерӣ: дурнамои рушди муосир» ҳамоиш баргузор гардид

Март 15, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молия дар якҷоягӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC), аъзои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (WBG), Созмони Милали Муттаҳид-Занон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар доираи ташаббуси ҷаҳонии «Ring The Bell for Gender Equality» — пешбурди баробарии гендерӣ дар мавзуи «Баробарӣ ва тавонмандсозии гендерӣ: дурнамои рушди муосир» ҳамоиши сатҳи баланд баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, ҳадафи ин ташаббус ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дурнамои рушди баробарии гендерӣ дар заминаи сиёсатҳои рушди устувор ва принсипҳои ESG мебошад.

Дар ҷамъомад муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвамӣ ва Роҳбари Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли ва дигарон сухан намуданд. Иброз гардид, ки мо аз талошҳои худ дар самти пешбурди баробарии гендерӣ ифтихор дорем ва минбаъд низ барои бунёди ҷомеаи фарогир талош менамоем. Итминон дорем, ки иштироки занон дар иқтисодиёт на танҳо устувории низоми молиявиро афзун мекунад, балки дар рушди соҳибкорӣ низ саҳми назаррас мегузорад. Мо якҷоя метавонем кафолат диҳем, ки занон бояд ҳаракатро барои ояндаи устувор ва одилона пешбарӣ намоянд.  Амалҳои дастҷамъонаи мо ба фароҳам овардани имконияти баробар барои занон ва духтарон дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Таҳқиқот пайваста нишон медиҳанд, ки рафъи монеаҳои гендерӣ ба рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд, камбизоатиро коҳиш медиҳад, ҳамбастагии ҷомеаро таҳким мебахшад ва некуаҳволии наслҳои ҳозира ва ояндаро беҳтар менамояд.

Дар ҷамъомад иштирокчиён барномаҳои мавҷудаи дастгирии занони соҳибкор, нақши сиёсати давлатӣ дар ноил шудан ба баробарии гендерӣ, таҳияи воситаҳои инноватсионии тавсеаи имконияти иқтисодии занон ва ғайраро  баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд