Дар Хуҷанд ҳайати иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival»-ро истиқбол намуданд

Март 19, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд маросими истиқболи ҳайати иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» доир гардида, масъулини вилоят ва шаҳри Хуҷанд ҷавонони иштирокчиро дар саҳни Қалъаи фарҳангию бостонии Хуҷанд гарму самимӣ истиқбол намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сипас, дар толори зебову боҳашамати Қалъаи Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ҳайати ҷавонони хориҷӣ- иштирокчиёни Фестивали байналмилалии ҷавонон дидору суҳбат намуданд.

Раиси вилоят ҷавонони иштирокчии фестивали байналмилалиро ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз таҳният гуфта, қудуми онҳоро ба мамлакати офтобии Тоҷикистон, бахусус вилояти Суғд самимона хайрамақдам намуд. Ҳамзамон ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат барои устуворгардонии пайванди дӯстӣ байни ҷавонони кишварҳои олам ва гузаронидани ин фестивали сатҳи баланди байналмилалӣ изҳори ташаккур намуд.

Раиси Кумитаи  кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ҳамкорию ҳамоҳангӣ дар баргузории Фестивали ҷаҳонии ҷавонон “Navruz Youth World Festival” арзи сипосу миннатдорӣ намуда, ба кори фестивал барор таманно намуд.

Зимнан, роҳбарони ҳайатҳои ҷавонони кишварҳои иштирокчии фестивал низ суханронӣ намуда, ба Ҳукумати мамлакат барои дар чунин фазои хубу гуворои идонаи баҳорӣ ба ҳам овардани қалбҳои ҷавонон бо мақсади таҳкими сулҳу дӯстӣ дар байни ҷавонони кишварҳои иштирокчӣ изҳори сипос  намуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 19, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд