Дар намоиш-фурӯши китоб бахшида ба Рӯзи Модар 12 000 нусха китоб пешниҳод гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб баргузор гардид. Дар ин рӯз 350 номгӯй китоб бо теъдоди зиёда аз 12 000 нусха пешниҳоди дӯстдорон гардонида шуд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар намоишгоҳ ноширони зертобеи вазорат китобҳои чопнамудашонро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар ин рӯз силсилаи китобҳои армуғонии устод Лоиқ Шералӣ «Дасти дуои модар», Давлат Сафар «Қанде, ки аз остини модар хӯрдам», маҷмуаи дастҷамъии «Авсофи модар» бо ороиши зебо ва чопи босифат — беҳтарин туҳфа дар Рӯзи Модар пешниҳод гардид. Инчунин китобҳои бадеӣ, илмӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеӣ бо сифати баланд манзури дӯстдорони китоб шуданд.
Аз намоиш-фурӯши китоб донишҷӯёну омӯзгорони донишкадаю донишгоҳҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони корхонаю муассисаҳои пойтахт мувофиқи завқи худ китоб интихоб ва харидорӣ намуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






