Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи Модарро бошукуҳ таҷлил намуданд

Март 6, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 06.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Модар ва гиромидошти ин неъмати бебаҳои умр таҳти унвони «Меҳрофар» маҳфили идона баргузор гардид, ки дар он занон-меҳмонони гуногункасб иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.

Ҳадафи асосии баргузории маҳфил аз баёни эҳтирому ситоиши Зан-Модар ва ҳамзамон баланд бардоштани қадру нуфузи занон дар ҷомеа, нақши бориз доштани занон дар ҳамаи ҷабҳаҳои мухталифи мамлакат иборат буд.

Раиси Раёсати Бонк Ҳокимшоҳ Бобозода аз нақши занон-модарон дар ҷомеа ва дастгириҳои Пешвои миллат нисбат ба занон ёдовар шуд.

Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон ва дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат манзалати хоссаро соҳиб гаштани онҳо буда, заҳмату фидокориҳои занон-модарон ҳамеша қадр мегардад. Зеро занону модарони тоҷик ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояшон ва ба эътидол овардани вазъи мамлакат азму талош намуда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо нангу номуси ватандӯстӣ ва заҳмати софдилона дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзишманд гузоштаанд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оид ба мавқеи занон дар ҷомеа, рӯз ба рӯз баланд шудани нуфузи модарони мамлакат  давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, фазилати инсонии ин отифаи ҳусн дар таърихи башарият ва Тоҷикистон, инчунин саҳми арзандаи занон-модарони мамлакат дар рушду пешрафти соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Март 6, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид