Дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиши бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш иброз шуд, ки Зан-Модар сарчашмаи зиндагӣ, меҳрубонӣ ва садоқат аст. Бо неруи бепоёни худ ӯ чароғи хонадони ҳар инсон ва тарбиятгари наслҳои солим мебошад. Арҷгузорӣ ба Модар ва қадршиносии заҳматҳои ӯ нишонаи маърифати баланд ва фарҳанги волои ҷомеаи мо аст.
Муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода гуфт, ки дар зиндагӣ муҳаббати ҳақиқию самимиро мо аз модари худ меёбем. Аз ин рӯ, Модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар фарзанд аст, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар халқу миллат мебошад.
Инчунин гуфта шуд, ки Модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз Офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»






