Дар вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи варзишӣ аз намуди камонварӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ дар вилояти Суғд Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи варзишӣ аз намуди камонварӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Мусобиқа бо иштироки 40 нафар меҳмонону варзишгарон аз дастаҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон идома дорад.
Камонварӣ яке аз навъҳои машҳури варзиши миллӣ буда, таърихи қадимӣ дорад. Асбоби асосии ин навъи варзиш камон мебошад, ки онро аз чӯби хамидаи абрӯшакл ва зеҳ месозанд. Чӯби хамидаро аз дарахтони зарбед, бед, санҷид ё газ сохта, ду нӯги онро бо устухон ё филизоти ранга оро медоданд. Зеҳи камонро аз ресмони абрешим ё рӯдаи ҳайвонҳои хонагӣ месохтанд.
Дар байни тоҷикон ду намуди камонварӣ маъмул буд: камонварии пиёда ва камонварии савора. Шахсоне, ки ба камонварии пиёда машғул буданд, аз камони бузургтар истифода бурда, ҳангоми тирандозӣ зонуи худро ба замин такя дода, тирро ба нишон мерасониданд. Тири камонварони пиёда дарозтар буд.
Камонварони моҳир аз масофаи 200 қадам ба ҳадафе, ки баробари чашми гов буд, бехато тирро мерасониданд. Камони саворагон хурдтар ва сабуктар буд. Онҳо камондони махсус доштанд, ки онро дар зини асп овехта, дар он тиру камонро нигоҳ медоштанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи варзишӣ аз намуди камонварӣ то 12 март идома меёбад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид






