Дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонии Тоҷикистон дар ITB BERLIN 2025 муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти ин донишгоҳ Саидмаҳмуд Саидзода дар «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ – ITB Berlin» иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
ITB Berlin яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои байналмилалии соҳаи сайёҳӣ ба шумор рафта, платформаи муҳим барои муаррифии имконоти сайёҳӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ имконоти сайёҳии Тоҷикистон, дастовардҳои соҳаи омодасозии кадрҳо барои бахшҳои сайёҳӣ ва хизматрасониро муаррифӣ намуданд.
Дар ҷараёни намоишгоҳ ҳамчунин бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар самти сайёҳӣ ва меҳмондорӣ мулоқот ва гуфтушунид намуда, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории таълимӣ ва табодули таҷрибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иштироки намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар намоишгоҳи ITB Berlin қадами муҳим дар самти муаррифии Тоҷикистон ҳамчун сарзамини ҷолиби сайёҳӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи меҳмондорӣ маҳсуб мешавад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон











«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд






