Давлатҳое, ки ҳавои ифлостарин доранд, номбар шуданд

Март 17, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ифлостарин ҳаво дар Чад, Бангладеш, Ҳиндустон, Конго ва Покистон аст, хабар медиҳад Kazinform бо истинод ба IQAair.

Тибқи пажуҳиши ширкати швейтсарии IQAair, аксари одамон дар ҷаҳон аз ҳавои ифлос нафас мегиранд. Тибқи натиҷаҳои ченакҳо дар соли 2024, танҳо дар ҳафт давлат сатҳи микрозарраҳои заҳрноки PM2.5 аз меъёри муқаррарнамудаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зиёд нест.

Сатҳи миёнаи солонаи зарраҳои зараровар дар ҳаво дар Исландия, Австралия, Зеландияи Нав, Эстония ва якчанд иёлати хурди ҷазиравӣ мавҷуд мебошад. Дар онҳо ин нишондиҳанда аз 5 микрограмм дар як метри мукааб, ҳамон тавре ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия додааст, зиёд нест.

Вазъияти бадтарин дар Чад, Покистон, Бангладеш, Ҷумҳурии Демократии Конго ва Ҳиндустон аст. Соли 2024 сатҳи PM2.5 дар ин кишварҳо ҳадди ақалл 10 маротиба бештар аз меъёрҳои қобили қабул буд. Зимнан дар Чад 18 маротиба зиёдтар аз он сабт шудааст. Коршиносон инчунин таъкид менамоянд, ки аз 10 шаҳри ифлостарини ҷаҳон 6-тоаш дар Ҳиндустон воқеъ аст.

АКС аз бойгонӣ

Март 17, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад