Доктори илмҳои биологӣ, профессор Фирӯза Носирова дар рушди илми биология дар Тоҷикистон саҳми назаррас дорад

Март 8, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 08.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Саҳми занону духтарони тоҷик дар рушди илми биология назаррас аст. Онҳо бо ихтироъ, навоварӣ ва дигар дастовардҳои илмӣ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд. Мудири озмоишгоҳи бехатарии биологии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Фирӯза Носирова аз зумраи онҳо мебошад.

Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии ӯ омӯзиши молекулавӣ-генетикии генофонди зироати ғалладонагӣ, авлоди худрӯи онҳо, донорҳои аломатҳои устувор бо мақсади истифодаи онҳо дар кори селексионӣ ва ба вуҷуд овардани навъҳои тобовар, ки ба шароити номусоиди иқлим тобоваранд, мебошад.

Фирӯза Носирова дар омӯзиши муқовимати зироати кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим ва роҳҳои ба даст овардани ҳосили баланди ғалладонагиҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷуғрофию экологии ҷумҳурӣ ҳар сол экспедитсияҳои илмӣ барои олимони ҷавон ташкил менамояд.

Самти дигари фаъолият ӯ таҳқиқот дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ мебошад, ки бо усулҳои муосири биотехнология – ГМО (организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта) ба даст оварда шудааст. Ин барои Тоҷикистон дар таъмини стратегияи амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ниҳоят муҳим аст.

Дар озмоишгоҳи бехатарии биологӣ бо роҳбарии Фирӯза Носирова усули муайян кардани генҳои бегона дар намунаҳои гуногуни пайдоиши растанӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар ва мутобиқ карда шудааст. Дар натиҷаи мониторинги бозор маълум шуд, ки кадом зироати кишоварзӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ генҳои бегона доранд. Маълумоти бадастомадаро минбаъд барои таҳқиқоти молекулавӣ-генетикӣ, экологӣ ва дигар таҳқиқоти гуногунии биологӣ ва умуман гуногунии агробиологӣ истифода бурдан мумкин аст.

Фирӯза Носирова муаллифи беш аз 200 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар Тоҷикистон ва хориҷи ҷумҳурӣ, инчунин дорои 2 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 6 монография мебошад.

Соли 2005 китоби илмии оммавии ӯ «Генетикаи инсон ва масъалаи бехатарии биологӣ» аз чоп баромада, дар омӯзиши генетика ва масъалаҳои бехатарии биологӣ нақши муҳим гузошт. Олимаи тоҷик дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ низ саҳми арзанда дошта, таҳти роҳбарии ӯ 5 олими ҷавон дар соҳаҳои биология рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.

Фирӯза Носирова инчунин менеҷери лоиҳаҳои байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии биологӣ буда, якчанд лоиҳаи Маркази байналмилалии илмӣ-техникиро (IBIT) роҳбарӣ менамояд.

Натиҷаҳои таҳқиқот ва таҳлил, коркард ва хулосаҳо дар шакли монография ва воситаҳои таълимӣ нашр шуда, ба мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ кумак мерасонанд.

Фирӯза Носирова борҳо дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами илми биология, бехатарии биологӣ ва биоэтика иштирок намуда, дар Тоҷикистон конфронсу машваратҳо ва тренингҳои байналмилалиро оид ба бехатарии биологӣ ва биоэтика бо иштироки коршиносону мутахассисони байналмилалӣ доир намудааст.

Мо бо чунин занони донишманди тоҷик, ки кору зиндагиашон намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад, ифтихор менамоем.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 8, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
ҲИФЗУ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛОТИИ КӮДАКОН ДАР ДУНЁИ РАҚАМӢ. Чӣ гуна амнияти иттилоотии онҳоро таъмин намоем?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Истифодаи оқилонаи он барои рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон имконоти нав фароҳам меорад
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!