Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 2, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 02.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол миллати шарофатманди тоҷик 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Ин ҷашн дар шароите таҷлил мегардад, ки мафҳуму ормонҳои истиқлол, озодӣ, демократия барои шахсиятҳои сиёсӣ, зиёиён ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшантар ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шуда, ҳаракати ҳамагонию пурнишот барои пешрафти ҷумҳурӣ дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо дастовардҳои афзуни беназире, ки давлат ва мардуми мо давоми беш аз се даҳсола ба он ноил гаштаанд, идома дорад. Ва дар ин замина нақши сиёсати хориҷӣ  ва дастгоҳи дипломатӣ бисёр калидӣ аст.

Хотиррасон намудани ин ҳақиқат, ки расидан ба истиқлоли миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ аст, хеле муҳим мебошад.

Тоҷикистони имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол шакли эҳёшудаи Давлати Сомониён аст, ки ба иллати ҳаводиси таърих зиёда аз як ҳазору сад сол пеш аз арсаи сиёсати ҷаҳонӣ фурӯ афтод.

Давлати Сомониён, дар навбати худ, шакли идомаёфтаи Давлати Сосониён буд, ки низ замоне бар пояи усули давлатдории Империяи Ҳахоманишӣ бунёд гашта буд. Тоҷикони Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ «порс» номида мешаванд ва дар замони ҳукмронии арабҳо номи «тоҷик»-ро гирифтанд, ҳамон ориёиҳое ҳастанд, ки ҳамеша омили давлатҳо ва империяҳои бузург буданд, ки дар дунёи бостон ба вуҷуд омадаю фурӯ пошидаанд.

Ҳамон тавре ки Президенти  Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ифтихори тоҷикон аз решаҳои ориёии худ ҳаргиз маънои руҳияи истисногароӣ ё бартариҷӯйӣ ё бадтар аз ин, нажодпарастӣ доштани тоҷикон набуда, ҳисси одии ба ҳар инсон хоси қаноатмандию ризоят аз ҳувияти таърихии худ аст.

Оё боиси ифтихору ризояти мо – тоҷикон нест, ки маҳз ниёгони мо – ориёиёни бостон на танҳо поягузори давлатҳо ва империяҳои аввалин дар ҷаҳон, балки эҷодкори нахустин эъломияи ҳуқуқи башар мебошанд?!

Эъломияи Куруши Бузург, ки ҳамчун нахустин санади ҳуқуқи башар шинохта шуда, соли 1971 Созмони Милали Муттаҳид онро ба ҳамаи забонҳои расмии Созмон мунташир намудааст, нишонаи он аст, ки ниёгони мо нахустин бунёдгузорони ҳуқуқи башар, яъне низоми демократӣ ва дипломатия дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Дар бахше аз ин дастур аз забони Куруши Бузург омадааст: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд, нагузоштам ранҷу нороҳатӣ ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид шавад. Онҳоро аз зери юғи асорат хориҷ сохтам, ба бадбахтиҳои онҳо  поён бахшидам ва мо ҳамагӣ шодмона ва дар роҳи сулҳу оштӣ мақоми баланди худовандгори бузургро сутудем. Ман ҳамаи шаҳрҳоеро, ки вайрон шуда буданд, аз нав сохтам».

Фарҳанги инсондӯстӣ ва руҳияи некукории ориёиҳоро бисёре аз бузургони илму адаби ҷаҳон сутудаанд. Таърихнависи бузурги юнонии замони бостон Ҳеродот, ки пас аз асре аз даврони Куруши Бузург зиндагӣ намудааст, дар бораи ин абармард чунин менависад: «Ҳеҷ порсе ёфт намешавад, ки битавонад худро бо Куруш муқоиса намояд. Аз ин рӯ, ман китобамро дар бораи порсиён ва юнониён навиштам, то кирдорҳои шигифтангезу бузурги ин ду миллати азим ҳеҷ гоҳ ба фаромӯшӣ супурда нашаванд. Куруш сардори бузург буд. Дар замони ӯ порсҳо аз озодӣ бархӯрдор буданд ва бар бисёре аз миллатҳои дигар фармонравоӣ менамуданд, ба илова, ӯ ба ҳамаи миллатҳое, ки зери фармонравоии ӯ буданд, озодӣ мебахшид ва ҳама ӯро ситоиш мекарданд».

Ниёгони мо аз замонҳои бостон ба мамлакатҳои ҳамсоя эҳтиром мегузоштанд ва истиқлоли онҳоро ба расмият мешинохтанд ва то замоне, ки давлате бо сарзаминашон сари ҷанг намебардошт ва даст ба ғорату истисмори  мардум намезад, бо он мамлакат равобиту бархӯрди сулҳҷӯёнаву мадорохоҳона доштанд. Зеро ҷавҳари ахлоқию инсонии ориёиён покӣ, ростӣ, некӣ, бахшояндагӣ ва муносибати дӯстонаву самимона бо ҳамнавъон буд.

Овардани суханони шахсияти таърихӣ  Иосиф Сталинро, ки яке аз огоҳтарин шахсиятҳои замони худ буд ва бар тавсифу таърифи миллате ё шахсе хеле кам сухан гуфтааст, зарур  мешуморем: «Тоҷикон миллати хосе ҳастанд. Онон куҳантарин миллати Осиёи Миёна мебошанд. Маънои тоҷик тоҷдор аст. Ва тоҷикон арзанда будани худро ба ин ном собит намудаанд.

Дар байни миллатҳои ғайрируси мусулмони Иттиҳоди Шуравӣ тоҷикон танҳо миллати ғайритурк буда, эронинажод мебошанд. Тоҷикон миллате ҳастанд, ки андешаву фарҳангашон шоири бузурге чун Фирдавсиро зодаву парвардааст.

Тоҷикон дорои фарҳанги бостонӣ, истеъдоди баланди ҳунарӣ, ҳисси зариф ҳастанд, ки дар осори мусиқӣ, рақс ва таронаҳояшон ошкор аст.

Тоҷикон як миллати ғайриодӣ, соҳиби фарҳанги бузургу қадимӣ ҳастанд ва дар шароити давлати шуравии мо ононро ояндаи бузурге интизор аст. Ва кумак кардан ба онон дар ин амр вазифаи тамоми халқи Иттиҳоди Шуравӣ мебошад».

Ҳақ ба ҷониби ин сиёсатмадори бузург аст. Мо, тоҷикон, насли  ориёиёну Тоҷикистон бо мероси муқаддаси ниёгонамон ва  корбурди ҳушу хираду фитрати фарҳангофаринӣ ва давлатофаринӣ дар роҳи расидан ба ояндаи бузург устуворона қадам мезанем.Он ояндаи бузурге, ки оғозаш 9 сентябри соли 1991 гузошта шудааст.

9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқуъ пайваст – Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли худро эълон намуд ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Акнун роҳбарони ҷумҳурӣ ва чеҳраҳои  сиёсиро зарур буд, ки бо истифодаи комил аз ин фурсати мусоиди таърихӣ пояҳои давлати навбунёди худро устувор сохта, барои баровардани ниёзу ормонҳои мардум самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро – бар асоси анъанаю суннатҳои дерини давлатдории миллӣ тарҳрезӣ намоянд ва Тоҷикистонро дар масири рушду тавсеа пеш баранд.

Тоҷикон бо бархӯрдорӣ аз мероси бузурги фарҳанги давлатдорӣ, ки аҷдоди хирадмандашон якчанд давлатҳои бузурги дорои дастгоҳҳои муназзамро поягузорӣ намудаанд ва бо хиради азалӣ ва тафаккури созанда ҳамаи имконро доштанд, ки дар кӯтоҳтарин муддат дар роҳи табдил додани Тоҷикистон ба ҷумҳурии воқеан соҳибистиқлол – бо тамоми мушаххасоти давлати демократию ҳуқуқбунёду дунявӣ  муваффақ шаванд.

Аммо ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо иғвою фитнаи бегонагон дар хоки муқаддаси Тоҷикистон даргирифт, ҳалли ин масъалаҳои муҳимро ба таъхир андохт. Танҳо пас аз баргузории Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидани  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду устувор сохтани пояҳои давлатдории навин аз сар гирифта шуд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 ба марҳалаи гардиши куллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон – даврони поягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол оғоз бахшид. Ин марҳала дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун марҳалаи талошҳои ҷиддӣ дар роҳи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркушӣ, сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати миллӣ, поя гузоштан ба низоми сифатан нави давлатдорӣ дорои аҳамияти бузург аст. Дар ҳамин давра буд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин ҳавзаи ҳаёти сиёсӣ ба шакл гирифтан оғоз намуд.

Нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон бисёр муассир ва корсоз аст. Асоси  сурату сират гирифтани сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин ин аст, ки заминаи назариявии ин бахши муҳими ҳаёти давлатӣ на дар доираи коршиносон ва назарияпардозон, балки раҳораҳ, ҳангоми анҷоми фаъолияти пурталошу заҳматбори  дипломатии Сарвари давлати Тоҷикистон эҷод шудааст.

Дар он шароити печидаву ҳассоси солҳои нахустини пас аз барқарории ҳукумати қонунӣ ба тақозои вазъият ва ногузирии ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба ҷанги бародаркушӣ ва раҳо намудани ҷумҳурӣ аз буҳрони сиёсию иҷтимоию иқтисодӣ Сарвари давлатро зарур меомад, ки барои эҷоди ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, пеш аз ҳамa, бо Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ба манзури дарёфти кумак ва ҷалби пуштибонии онҳо барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти давлатӣ сафарҳои зиёде анҷом диҳанд.

Бардоштҳо ва хулосаҳои Сарвари давлат аз ин сафарҳо асоси нахустин назарияи сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллиро ташкил намуданд, ки онро Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 1993 аз минбари Иҷлосияи XVIII Шурои Олӣ эълом доштанд.

Бо вуҷуди ин ки дар солҳои баъд таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои муайянсозанда ва танзимкунандаи усулҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ таҳия гардидаю ба тасвиб расиданд, ин идеяҳои бунёдии консепсияи сиёсати хориҷӣ аҳамияту арзиши хоссаи  худро то ҳол ҳифз намудаанд.

Дипломатияи тоҷик давоми давроне пас аз иҷлосияи XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин нуктаҳои бунёдии сиёсати хориҷӣ баён гардида буданд, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст ва тибқи сиёсати усулии «дарҳои боз» равобит ва ҳамкории густурда ва мутақобили судмандро бо ҳамаи мамлакатҳои ҳавзаҳои мазкур ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст. Натиҷаи чунин сиёсати ҳамгироӣ ва мутавозин аст, ки имрӯз Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, бо зиёда аз 140 мамлакати дунё ҳамкории иқтисодию технологӣ ва фарҳангӣ дорад.

Роҳи пурифтихори тайкардаи ҷумҳурии азизи мо ва дипломатияи тоҷик дар замоне бештар аз 30 сол таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳамвору осонгузаре набуд.

Яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ҳамеша фаҳмиши  сиёсати берун аз марзҳо будааст. Давлатмардони бузурги таърих онон будаанд, ки байни воқеияти дохили марзҳо ва таҳаввулоти берун тавозуну таодул эҷод кардаанд. Имрӯзҳо ин масъала беш аз ҳар даврони таърихии дигар мубрам аст. Зеро дар шароити дунёи пур аз хатару чолишҳои имрӯз ҳеҷ мамлакате, новобаста аз густурдагии ҳудуд, қудрат, нуфуз ё дигар вижагиҳояш наметавонад ба танҳоӣ суботу амнияти худро таъмин намояд. Ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ асосҳои барҷастаи ин даврон мебошанд.

Агар давлатҳои ҷаҳон ба сатҳи  сохтаҳои алоҳидаи як муҷтамеи воҳид тасаввур шаванд, чолишҳои замони муосир, монанди терроризми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, буҳронҳои иқтисодӣ ва бисёре аз шароити дигар бар масали тӯфони фоҷиаборанд. Дар баробари ин пайомадҳои харобиовар давлатҳо метавонанд фақат дар ҳамбастагӣ истодагӣ намоянд ва ҷомеаҳоро аз хатару мушкилот ҳифз намоянд. Бо таваҷҷуҳ бар ин махсусияти замони муосир муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ  равобити зич бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамёрӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳонро на танҳо омили муассири пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон, балки ҳамчунин заминаи муҳими таъмини амният ва суботи ҷумҳурӣ муайян намуданд.

Истеъдоди сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин воқеият низ зоҳир гардидааст, ки аз ибтидо суботи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва суботи мамлакатҳои ҳамсоя, минтақа ва умуман ҷаҳонро дарк намуданд. Бар асоси ин фалсафа, ки моҳиятан диалектикаи тавсеаи давлат мебошад, Сарвари давлати тоҷикон аз нахустин рӯзҳои ба сарварии Тоҷикистон расидан равобити ҳамаҷониба, зич ва дӯстона бо ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз муҳимтарин ва афзалиятноктарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян намуданд. Зеро бо диди амиқи сиёсӣ дарк менамуданд, ки иҷрои вазифаҳои душвору печидаи бунёд ва таҳкими Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эҷоди қудрати иқтисодии он бе ҳамкории сиёсию иқтисодии густурда бо ҷумҳуриҳои пасошуравӣ, ки то дирӯз дар фазои ягонаи иқтисодӣ қарор доштанд ва бо ҳазорон риштаҳои давоми даҳсолаҳо шаклгирифта ба ҳамдигар пайваст мебошанд, имконнопазир аст.

Бо талошу кӯшиши пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар созмонҳои ҳамгироӣ – чӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва чӣ дар минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумлаи Созмони Милали Муттаҳид,  Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё ва дигар созмону ниҳодҳои ҳамгироӣ симои хосса  ва иштироки фаъолона дорад.

Бо ба тарзи саҳеҳ мушаххас намудани самтҳои тавсеаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва бо назардошти мавқеияти ҷуғрофию геосиёсӣ, манфиатҳои миллӣ ва инчунин омилҳое, аз қабили равобити фарҳангию таърихӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва яксон будани манфиатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобити дӯстонаи Тоҷикистонро бо ҳамаи мамлакатҳо танзим намуданд.

Дар натиҷаи чунин сиёсати хориҷии мутавозин равобити созанда бо Русия ва давлатҳои дигари минтақа, кишварҳои  Эрону Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳиндустон, Покистон, давлатҳои Аврупо, ҷаҳони  Араб, Осиёи Шарқӣ ва Африқо амалӣ гардид.

Дар сояи истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ, назари борикбин ва жарфнигарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ бо муҳтавои прагматикӣ ва воқеъбинона, ки самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунанд, ба вуҷуд оварда шуданд.

Қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ», Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои марбут, ки бар мабнои Конститутсияи Тоҷикистон таҳия шудаву ба тасвиб расидаанд, баёнгари ҳадафҳо, вазифаҳо ва хостаҳои давлат ва мардуми ҷумҳурӣ дар ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ба манзури даст ёфтан ба манфиатҳои миллӣ мебошанд. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ марҳала ба марҳала шабакаи густурдаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз ҷумҳурӣ ба вуҷуд оварда шуд.

Яке аз муҳимиятҳои  мумтози сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-и эъломнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» мусоидат ба он намуд, ки Тоҷикистон аъзои шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкории судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон амалӣ намояд. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси хешро дорад ва ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ шудани ибтикорҳои Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бавижа дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, баёнгари мавқеи хоссаи  Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обруи баланди роҳбари кишвари мо дар назди маҳофили сиёсии ҷаҳон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба имконияти беҳудуди энергетикаи обӣ Президенти мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз самтҳои муҳимтарини стратегӣ ва афзалиятноки иқтисодии мамлакат муайян намуданд. Давоми солҳои гузашта дар ин замина корҳои зиёде анҷом гирифта, дар нуқоти гуногуни мамлакат садҳо неругоҳҳои барқи обии хурд сохта, ба истифода дода шуданд ва бунёди неругоҳҳои хурди зиёде дар дасти кор мебошад.

Натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва обрӯю эътиборашон чун сиёсатмадори сулҳофарин ва таъмингари суботи сиёсиву иҷтимоӣ аст, ки бо иштироки сармояи давлат ва ширкатҳои бонуфузи Федератсияи Русия Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва маблағгузории дохилӣ Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» бунёд гардиданд, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ кишида шуданд, роҳҳо, пулҳо, нақбҳои мошингузар, корхонаҳои зиёди ватанию муштарак сохта шуданд.

Роҳбарияти Тоҷикистон ва шахсан Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон бо ҳамватанони бурунмарзиамон робитаи мустақим барқарор намуданд. Ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар гӯшаю канори гуногуни ҷаҳон кору зиндагӣ мекунанд ва Тоҷикистонро хонаи умеди худ медонанд, ҳамеша аз дастгирию пуштибонии давлати Тоҷикистон бархӯрдор ҳастанд.

Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик бо аз сар гирифтани рисолати олии тамаддунсозии хеш ва бо такя ба арзишҳои волои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги муосири сиёсӣ фасли тозаеро дар таърихи давлатдории дерини худ бинависад.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдоми муассир ба вуқуъ пайвастаанд, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат бо инобати манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ барномаҳои густурдаи рушду тавсеа амалӣ мегарданд.

Итминон аст, ки Тоҷикистон бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои наздик ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд  дар самти ҳамкории густурда бо кишварҳои гуногуни  ҷаҳон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои бештаре ноил мегардад ва дар сафи давлатҳои мутараққии ҷаҳон мақоми боз ҳам шоистатар  касб менамояд.

Зафар САЙИДЗОДА,
сарходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

Март 2, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Абубакри Розӣ аз зумраи нобиғаҳоест, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ саҳми калон гузоштааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Туркманистон ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Агар хоҳед меъдаатон солим бошад, аввал хӯроки моеъ истеъмол кунед
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР». Дар меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ аз меъёрҳои он истифода шудааст
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии ҳамкорӣ дар Сюрих иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаҳои рӯзномаи давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пайвандкунӣ дар фасли баҳор усули афзоиш додани ҳосили дарахтон аст
Дар ҳамоиши фарҳангии «Рӯзи либоси миллӣ» дар Женева либосҳои тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуданд