Гулнора Ҳоҷиева: «Барои ихтирои «Чордору» се сол пажуҳиш намудаам»

Март 6, 2025 16:39

ДУШАНБЕ, 06.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 19 феврали соли равон дар давлати Кувайт Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони Шарқи наздик  баргузор гардид. Зимни муаррифии ихтироот дар назди аъзои ҳакамон ман дар бораи ихтирои худ «Чордору» маълумот додам. Он ба аъзои ҳакамон хеле писанд омад ва изҳор доштанд, ки чӣ гуна як зан метавонад аз гиёҳҳо бе истифода аз унсурҳои химиявӣ барои беморон дору ихтироъ намояд. Барои чунин ихтироъ дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ маро бо медали тилло сарфароз гардониданд. Ин матлабро дотсенти кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Гулнора Ҳоҷиева зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Гулнора Ҳоҷиева мегӯяд, ки «аз соли 1982- баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то имрӯз дар зинаҳои гуногуни соҳаи тиб фаъолият дорам. Имрӯз дар кафедраи бемориҳои дарунии ин донишгоҳ фаъолият намуда, беморонро ташхис менамоям. «Чордору» навъи давои гиёҳие аст, ки аз гиёҳҳои ватанӣ ихтироъ шудааст. Ин навъи гиёҳ барои беморони гемотология  даво мебошад».

Гулнора Ҳоҷиева барои ихтирои ин даво се сол пажуҳиш намудааст. «Соли 2021 барои истеҳсол ва истифодаи ин ихтироъ  соҳиби патент гардидам. Имрӯз ин даворо барои беморони худ истифода мебарам. Ин даво ба шакли хока дар бастаҳои махсус омода мешавад. Дар он ягон навъи унсури химиявӣ истифода нашудааст. Онро танҳо аз навъҳои гуногуни гиёҳ омода менамоям»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи Гулнора Ҳоҷиева, «Тоҷикистон бо иқтидори бузурги олами набототу растаниҳои худ дар ҷаҳон ҳамто надорад. Имрӯз ин иқтидори табиии мавҷуда махсусан дар соҳаи саноати дорусозӣ ҳанӯз ба таври пурра истифода нашудааст. Махсусан растаниҳои  зиёде, ба монанди настаран, чоқула, мехчагул ё мухаллас, кокутӣ, камоли кӯҳистонӣ ва ғайра аз ҷиҳати илмӣ пурра омӯхта нашудаанд. Дар ҳоле ки аз ин гиёҳҳо метавон дорувории воридотивазкунанда истеҳсол намуд. Масалан, аз мухаллас барои фишорбаландӣ ва аз кокутӣ  барои бемориҳои асаб, ки таъсири оромкунанда дорад, дору тайёр кардан мумкин аст. Илова бар ин, намудҳои авлоди камол хусусияти табобатӣ доранд. Дар мамлакати мо 37 номгӯйи он мерӯяд, ки барои истифода дар истеҳсолот мувофиқ мебошанд. Ё ин ки решаи ширинбия барои табобати касалиҳои зуком, узвҳои нафаскашӣ, бронхит, гастрит (дарди меъда), бемории астма ва ғайра истифода мешавад. Ин гуна растаниҳо беҳисобанд ва онҳо ба таҳқиқи дақиқ ниёз доранд».

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки барои зан дар баробари пойдории оила ҳамзамон муваффақ гардидан дар касбе заҳматталаб аст. Агар муҳит солим бошад ва оила такягоҳ бошад, зан метавонад дар касби интихобнамудааш муваффақ гардад. Зан офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон барои ҳар нафар маҳсуб мешавад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки  боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 6, 2025 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад