Гулнора Ҳоҷиева: «Барои ихтирои «Чордору» се сол пажуҳиш намудаам»

Март 6, 2025 16:39

ДУШАНБЕ, 06.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 19 феврали соли равон дар давлати Кувайт Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони Шарқи наздик  баргузор гардид. Зимни муаррифии ихтироот дар назди аъзои ҳакамон ман дар бораи ихтирои худ «Чордору» маълумот додам. Он ба аъзои ҳакамон хеле писанд омад ва изҳор доштанд, ки чӣ гуна як зан метавонад аз гиёҳҳо бе истифода аз унсурҳои химиявӣ барои беморон дору ихтироъ намояд. Барои чунин ихтироъ дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ маро бо медали тилло сарфароз гардониданд. Ин матлабро дотсенти кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Гулнора Ҳоҷиева зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Гулнора Ҳоҷиева мегӯяд, ки «аз соли 1982- баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то имрӯз дар зинаҳои гуногуни соҳаи тиб фаъолият дорам. Имрӯз дар кафедраи бемориҳои дарунии ин донишгоҳ фаъолият намуда, беморонро ташхис менамоям. «Чордору» навъи давои гиёҳие аст, ки аз гиёҳҳои ватанӣ ихтироъ шудааст. Ин навъи гиёҳ барои беморони гемотология  даво мебошад».

Гулнора Ҳоҷиева барои ихтирои ин даво се сол пажуҳиш намудааст. «Соли 2021 барои истеҳсол ва истифодаи ин ихтироъ  соҳиби патент гардидам. Имрӯз ин даворо барои беморони худ истифода мебарам. Ин даво ба шакли хока дар бастаҳои махсус омода мешавад. Дар он ягон навъи унсури химиявӣ истифода нашудааст. Онро танҳо аз навъҳои гуногуни гиёҳ омода менамоям»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи Гулнора Ҳоҷиева, «Тоҷикистон бо иқтидори бузурги олами набототу растаниҳои худ дар ҷаҳон ҳамто надорад. Имрӯз ин иқтидори табиии мавҷуда махсусан дар соҳаи саноати дорусозӣ ҳанӯз ба таври пурра истифода нашудааст. Махсусан растаниҳои  зиёде, ба монанди настаран, чоқула, мехчагул ё мухаллас, кокутӣ, камоли кӯҳистонӣ ва ғайра аз ҷиҳати илмӣ пурра омӯхта нашудаанд. Дар ҳоле ки аз ин гиёҳҳо метавон дорувории воридотивазкунанда истеҳсол намуд. Масалан, аз мухаллас барои фишорбаландӣ ва аз кокутӣ  барои бемориҳои асаб, ки таъсири оромкунанда дорад, дору тайёр кардан мумкин аст. Илова бар ин, намудҳои авлоди камол хусусияти табобатӣ доранд. Дар мамлакати мо 37 номгӯйи он мерӯяд, ки барои истифода дар истеҳсолот мувофиқ мебошанд. Ё ин ки решаи ширинбия барои табобати касалиҳои зуком, узвҳои нафаскашӣ, бронхит, гастрит (дарди меъда), бемории астма ва ғайра истифода мешавад. Ин гуна растаниҳо беҳисобанд ва онҳо ба таҳқиқи дақиқ ниёз доранд».

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки барои зан дар баробари пойдории оила ҳамзамон муваффақ гардидан дар касбе заҳматталаб аст. Агар муҳит солим бошад ва оила такягоҳ бошад, зан метавонад дар касби интихобнамудааш муваффақ гардад. Зан офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон барои ҳар нафар маҳсуб мешавад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки  боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 6, 2025 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Ҳафтаи илм конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Донишгоҳҳои техникии Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Данғара даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷамъбаст шуд
Маротибаи аввал байни хонандагони Тоҷикистон озмоиши маҳаллии Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан – PIRLS 2026 гузаронида мешавад
Фаронса шумораи квотаҳоро барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд менамояд
Оид ба баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Данғара даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доир мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
Дар Душанбе таҳти унвони «Саҳми Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи «сабз»» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд