Хонандаи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медали тилло гардид

Март 12, 2025 14:51

ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-при «Алтин Мерген», ки дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ширинбибӣ Раҷабова дар  мусобиқа оид ба тирпаронӣ фаъолона иштирок намуд. Ӯ аз намуди тирпаронӣ дар масофаи 10 метр ғолиб омада, бо Диплом ва медали тилло қадрдонӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа оид ба тирпаронӣ аз 2 то 9 март дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки зиёда аз 200 варзишгар аз 6 давлат: Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Беларус ва Русия баргузор гардид.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Март 12, 2025 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд