Иди касбии мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Март 14, 2025 17:17

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва  собиқадорони мақомоти прокуратура бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон, ки ҳамасола 14 март таҷлил мегардад, маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Ҳабибулло Воҳидзода кормандон ва собиқадорони мақомотро бо иди касбӣ табрик намуда, доир ба таърихи таъсиси мақомоти прокуратура, хизматҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими мақомот дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа сухан  намуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ бо назардошти иҷрои намунавии  вазифаҳои хизматӣ, меҳнати софдилонаю бенуқсон, ба даст овардани муваффақият дар пурзӯр намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандон ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар маҷлиси тантанавӣ тибқи тартиби муқарраршуда мутахассисони ҷавони прокуратура, ки акнун дар роҳи хизмати содиқонаи қонун қадам ниҳодаанд, оид ба риояи софдилонаи Конститутсия ва дигар қонунҳо, беғаразӣ ва адолат, мубориза бар зидди ҳар гуна қонунвайронкунӣ, сарфи назар аз он ки онро кӣ содир кардааст, самаранок бурдани назорати прокурорӣ ва тафтишоти пешакӣ, азиз доштани шарафи касбӣ, садоқатмандӣ, тозагии ахлоқ ва хоксорӣ савганд ёд намуданд.

   АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2025 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд