Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе барои намояндагони соҳаи сайёҳӣ, ВАО ва блогерони ҷазираи Киши Эрон муаррифӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 16.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз, 16 март дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар масири Киш-Душанбе-Киш хатсайри мустақими ҳавоии муваққатии сайёҳӣ ифтитоҳ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дар доираи ифтитоҳи ин хатсайр имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе барои намояндагони сайёҳӣ, воситаҳои ахбори омма ва блогерони ҷазираи Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон муаррифӣ карда шуд.
Хатсайр дар ин самт бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, хусусан ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ифтитоҳ гардида, парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймоҳои «Airbus A321»-и ширкати «Kish Airlines»-и Эрон анҷом дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҷазираи Киш дар устони Ҳурмузгони Эрон воқеъ буда, бо табиати зебою нотакрораш яке аз ҷолибтарин мавзеъҳои сайёҳӣ дар ҷануби ин кишвар мебошад.
Ҳоло ширкатҳои «Somon Air»-и Тоҷикистон ва «Varesh Airlines»-и Эрон байни Душанбе ва Теҳрон парвозҳои мустақим анҷом медиҳанд.
АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид






