Имконоти рақамӣ барои тиҷорат: аз SMS то шаҳрҳои доно

Март 11, 2025 10:57

ДУШАНБЕ, 11.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар қадаре тиҷорат digital-хизматрасониҳоро ба кор барад, ҳамон қадар тиҷорат самаранок хоҳад буд. Ва ҳамон қадар фосила аз рақибоне, ки ҳоло аз ҳамаи афзалияти «рақам» бархурдор нашудаанд, калонтар мебошад. Лекин агар дар шаҳрҳои бузург одатан бо интихоби интернет-провайдерҳо ва таҳвилгарони хизматрасониҳои дигари рақамӣ мушкилӣ ҷой надошта бошад, пас тиҷорат дар ноҳияҳо чӣ бояд кунад? Ҷавоб хеле сода аст: ширкати телекоммуникатсиониеро интихоб намояд, ки хизматрасониҳоро барои тиҷорат дар ҳудуди тамоми Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Масалан, МегаФон Тоҷикистон на танҳо дорои яке аз шабакаҳои бузургтарин дар ҷумҳурӣ аст, балки ин ширкат инчунин имкон дорад ва омода аст, ки ба мизоҷони тиҷоратӣ пешниҳодҳои нодир намояд.

Интернети собит

Алоқаи овозӣ ва интернети мобилии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳатто дар ҷамоатҳои дурдасттарин ва баландкӯҳҳо мавҷуд мебошад. Лекин шабакаеро, ки муштариёнро бо хизматрасониҳои мобилӣ таъмин менамояд, метавон бо мақсадҳои дигар низ истифода намуд. Хатҳои нахӣ-нурӣ ва радиорелеӣ инчунин имкон медиҳанд, ки муштариён бо интернети собит таъмин карда шаванд. Интернети собит дар навбати худ фаъолияти устувори почтаи электронӣ ва сомонаҳо ва дар маҷмуъ, тамоми шабакаҳои муосири иртиботи тиҷоратиро таъмин хоҳад намуд. Ҳамин тариқ, бо шарофати интернети собит аз оператор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарафшон» мунтазам бо Чин видеоконфронсҳо доир менамояд. Ин аз анҷом додани зангҳои гаронарзиши байналмилалӣ ё рафтан ба сафарҳои хизматии хориҷӣ ниҳоят мувофиқ ва муфид аст.

Дар омади гап, «Зарафшон» дар он қисми шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, ки танҳо МегаФон Тоҷикистон дар он ҳамаи кормандонро бо алоқа таъмин карда тавонист. Оператор танҳо пойгоҳи базавиро дар худи ҳудуди корхона насб намуд.

Wi-Fi бо авторизатсия 

Барои бисёриҳо мавҷудияти Wi-Fi дар қаҳвахонаҳо, меҳмонхонаҳо, идораҳо ва марказҳои савдо – далели барҷастаи он аст, ки соҳибон нисбат ба хизматрасонии босифат барои мизоҷони худ ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Лекин барои тиҷорат табъи болидаи мизоҷон кифоя буда наметавонад. Wi-Fi дар ташкил намудани онлайн-менюи муассиса ё анҷомдиҳии транзаксияҳои пулӣ, ба қавли дигар дар пулкоркунӣ низ кумак мерасонад. Лекин чӣ тавр метавон дастрасиро ба интернет ба тариқи Wi-Fi, масалан, дар бинои муосири идоравии иборат аз шиша ва металл, ки ба онҳо радиомавҷҳо чандон хуб ворид намешаванд, таъмин намуд?

Мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дорои таҷрибаи бузурги кор бо иншооти дорои сатҳи гуногуни мураккабӣ мебошанд. Дар якчанд ҳолатҳо таҷҳизоти алоқа дар дохили бино насб карда мешавад. Ба ғайр аз ин, қарори оператор имкон медиҳад, ки тамоми талаботи қонунгузорӣ ба иҷро расонида шаванд – истифодабарандагон Wi-Fi-ро баъди гузаштани тартиби содаи бақайдгирӣ пайваст намоянд. Ҳамин тавр, мизоҷони идораи бонки «Арванд» хизматрасониҳои онро аз ҷумла бо ёрии Wi-Fi-минтақаҳои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» истифода мебаранд.

«СМС-Таргет» ва «Огоҳкунии мобилӣ» 

Реклама «барои ҳама» аллакай чандон мувофиқ набуда, харҷи беҳудаи маблағ ба ҳисоб меравад. Варианти замонавӣ – рекламаи таргетшуда мебошад, ки танҳо ба онҳое фиристода мешавад, ки нисбат ба мол ё хизматрасонӣ мароқ зоҳир менамоянд. Ба амал баровардани чунин «интихоби махсус»-ро хизматрасонии «СМС-Таргет» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» имкон медиҳад. Бо шарофати танзимоти сода мизоҷи оператор худ муайян менамояд, ки ба кадом нафаре аз махзани худ паёмаки иттилоотӣ ё рекламавӣ ирсол намояд. Интихобро метавон аз рӯи макони қароргирӣ, синну сол, ҷинс ва меъёрҳои дигар ба амал баровард. Натиҷа – паёмак ба ҳадафи асосӣ рафта мерасад. Маҳз ҳамин тавр ширкати миллӣ оид ба таҳияи технологияҳои инноватсионӣ «Инноватсияи ояндасоз» кормандони нави худро аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда пайдо намуд.

Оператор боз як хизматрасоние дорад, ки дар заминаи истифодаи самараноки SMS-ирсолҳо амал мекунад, ки номи он «Огоҳкунии мобилӣ» мебошад. Ин хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки раванди ирсоли паёмакҳо оид ба пешниҳодҳо, иқдоми нав ва тағйирёбии шартҳои хизматрасонӣ автоматӣ карда шавад. Дигар зарур намеояд, ки ҳар як мизоҷ алоҳида огоҳ карда шавад – маълумот дарҳол ба ҳама расонида мешавад. Аз ин хизматрасонии оператор, масалан, ширкати «ОСОН СМС» истифода мебарад.

IoT ва M2M-имконият

Интернети молҳо кайҳо боз вуҷуд дорад ва имконоти пешрафти ин технология хеле калон ҳастанд. Зеро табодули маълумот бе иштироки инсон дар дастгоҳҳои гуногунтарин  ба амал бароварда мешавад: ҳисобкунакҳои обӣ ва барқӣ, датчикҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, банкоматҳо ва дастгоҳҳои хазинавӣ, воситаҳои нақлиётӣ, қисмҳои таркибии «Хонаи доно» ва «Шаҳри доно». Ба ин восита хароҷоти хизматрасонӣ муносиб карда шуда, самаранокии фаъолияти ҳайати кормандон низ баланд хоҳад шуд. Дар баробари ин, логистика низ беҳтар гардида, садамаҳою хавфҳои молиявии ба онҳо вобаста низ пешгирӣ карда мешаванд. Масалан, бонки «Эсхата» SIM-кортҳои операторро барои терминалҳои дар манотиқи дурдасти ҷумҳурӣ насбгардида ба кор мебарад.

Барои дастгоҳҳои доно МегаФон Тоҷикистон SIM-кортҳои махсуси «М2М термо» пешниҳод менамояд. Онҳо бо сабабе чунин ном гирифтаанд, ки аз пластики ба гармӣ тобовар омода карда шуда, қодир ҳастанд, ки дар диапазони ҳароратҳои аз -40º С то +105º фаъолият намоянд. Чунин SIM-кортҳоро метавон ҳам дар сехҳои «гарми» заводҳо ва ҳам дар иншооти дурдасти воқеъ дар маҳаллаҳои кӯҳӣ бо шароити ғайримуқаррарии боду ҳаво истифода намуд.

Як ҷузъи таркибии ниҳоят муҳим барои М2М- ва IoT-имконият – интернети баландсуръат маҳсуб мешавад. Соли 2025 МегаФон Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар шаҳрҳои калонтарини мамлакат шабакаи 5G-ро бо суръатҳои гигабитӣ амалӣ кунад. Ва ин як даври нав дар рушди интернети молҳо хоҳад шуд. Мизоҷони корпоративии оператор, ки аввалин шуда, ба ин ҷаҳиши технологӣ ҳамроҳ мешаванд, аз рақибони худ якчанд қадам пеш мегузаранд.

Тиҷорати худро бо хизматрасониҳои «МегаФон Тоҷикистон» инкишоф диҳед! Маълумоти бештар – дар сомонаи оператор.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Март 11, 2025 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад