Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 26 давлати дунё Фестивали ҷаҳонии ҷавонон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 26 давлати дунё маросими расмии кӯшодашавии Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Фестивал бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардида, ҳадаф аз он муттаҳид намудани ҷавонони давлатҳои гуногун дар руҳияи дӯстӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва рушди устувор мебошад.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз намуд, ки Фестивали имрӯза на танҳо як чорабинии фарҳангӣ, балки майдони муколама, идеяҳои нав ва ҳамкорӣ мебошад. Дар ин ҷо, дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, мо барои лоиҳаҳои муштараки оянда замина мегузорем, робитаҳои мустаҳкаме эҷод мекунем, ки ба мо дар бартараф кардани чолишҳои глобалӣ ва бунёди ояндаи дурахшон кумак мерасонанд.
“Наврӯз ҷашни эҳё, ваҳдат ва умед аст. Ин замонест, ки табиат бедор мешавад ва инсоният аз қувваву илҳоми нав пур мегардад. Ин ҷашни бостонӣ, ки ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шудааст, рамзи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мебошад. Имрӯз мо дар ин ҷашнвора анъанаи муттаҳидшавӣ, таҳкими робитаҳои ҷавонони кишварҳои гуногун, табодули дониш ва арзишҳои фарҳангиро идома медиҳем»-иброз намуд Раиси Кумита.
Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» то 21 март дар шаҳрхои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ баргузор мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки қабл аз оғози Фестивал иштирокчиëн ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузошта, дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон театрикунонидашударо вобаста ба Наврӯз тамошо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Наврӯз — яке аз қадимтарин идҳое аст, ки аз ҷониби халқҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик ва Қафқоз ҷашн гирифта мешавад. Ин ид омадани баҳор, навсозии табиат ва оғози соли нави хуршедиро таҷассум менамояд. Анъанаҳои ҷашни Наврӯз- ин омодасозии хӯрокҳои идона, баргузории ҷашнҳои оммавӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоишҳои театрӣ ва амалиёти хайриявӣ мебошанд.
Наврӯз ҳамзамон замони таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии миллатҳо мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»











































Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






