ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд

Март 2, 2025 14:08

ФАЙЗОБОД, 02.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ҳудуди ҳавзаи интихоботии Файзобод №11 субҳи барвақт дар фазои идона бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддин Маҳмудов аз ноҳияи Файзобод иттилоъ медиҳад.

Интихобкунандагон бо дарки масъулият ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҷонибдории ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои арзандаи хеш овоз медиҳанд.

Раиси ҳавзаи интихоботи ҳудудии якмандатии Файзобод №11 Раҳим Пиров гуфт, ки бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва ноҳияҳои Файзободу Нуробод ҳавзаи интихоботи ҳудудии якмандатии Файзобод №11 таъсис дода шудааст.

Шумораи интихобкунандагони ин ҳавза 156 ҳазору 930 нафар мебошанд, ки дар 111 учаскаҳои интихоботӣ номзадҳои арзандаи хешро интихоб намуда истодаанд. Аз шумораи умумии интихобкунандагони ин ҳавза 8 ҳазору 857 нафар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ маротибаи аввал иштирок менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои 463 нафар интихобкунандагони имконияташон маҳдуд кабинаҳои алоҳидаи овоздиҳӣ ва барои бе монеа ворид шудан ба бинои участка тариқи аробачаҳои маъюбӣ гузаргоҳҳои махсус сохта шудааст.

Масъулони ҳавзаи интихоботии Файзобод №11 мегӯянд, ки давоми рӯз, яъне то замони ҷамъбасти овоздиҳӣ, ки соати 20:00-и имшаб муқаррар шудааст, интихобкунандагоне, ки бо сабаби беморӣ ва ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада наметавонанд, аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот қуттиҳои сайёр ташкил карда шуда, дар ҳузури нозирону намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шахсони боэътимод овоздиҳии онҳо пурра таъмин карда мешавад.

Интихобот дар ҷомеаи демократӣ падидаи муҳим маҳсуб меёбад ва иштироку таваҷҷуҳи имрӯзаи мардум дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо барои ояндаи давлату миллати худ бетараф нестанд ва бо интихоби номзади арзанда ва ё ҳизби сиёсӣ дар пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.

Субҳониддин МАХМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 2, 2025 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар участкаи интихоботии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 38 нафар ҷавонон нахустин маротиба овоз доданд