Барои мардуми тоҷик аз қадим василаи муҳими ҳамзистӣ, ҳамдилию фарзонагӣ эътироф меёфт. Эҳдо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои мардуми шарафманди тоҷик, ки дар байни ҷомеаҳои инсонӣ пайваста аз сулҳ сухан мекунад, барои рафъи мушкилот ва ҳалли низоъ гурӯҳҳои даргир, мамлакатҳои ноамнро ба ҳамдигарфаҳмӣ, гузашти якдигар даъват менамояд, аз қадим василаи муҳими ҳамзистӣ, ҳамдилию фарзонагӣ эътироф меёфт. Зеро сулҳ барои инсонҳо шодиву нишот, амнияту субот, осоиштагӣ, нишони ободии давлату миллатро арзонӣ медорад.
— Беасос, ниёгони фарҳангофарамон ваҳдатро, ки маънои якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ, муттаҳидӣ ва иттиҳодро бозтобӣ медорад, яке аз арзишҳои волои ахлоқӣ, арзиши муҳими иҷтимоӣ ва фалсафӣ, омили асосии пешрафти ҷомеа, таҳкими давлат ва камолоти инсон арзёбӣ надоштаанд. Масалан, масъалаи меҳварии ашъори одамушшуарро Рӯдакии соҳибсуханро таблиғи дӯстӣ, даъвати инсонҳо ба ҳамбастагӣ, эҳтиром доштани якдигар ташкил медиҳад. Иттиҳоду ҳамкориро шарти зиндагии осоишта ва пешрафти ҷомеа тасвир менамояд.
Дар ҳар як калима, мисраъ ва абёти «Шоҳномаи безавол»-и Абулқосим Фирдавсӣ низ ваҳдат, сарҷамъии мардум ба сифати омили пешрафти инсону ҷомеа тавсиф мегардад. Ӯ муътақид бар он назар буд, ки парокандагӣ боиси заъфи давлат ва пирӯзии душман мегардад.
Ё худ муаллими ахлоқ Саъдии Шерозӣ идеяи ваҳдати инсонҳоро дар маркази андешаҳои гуманистии худ гузошта, дар асари арзишманди худ «Гулистон» таъкид менамояд, ки ҳамаи инсонҳо аъзои як пайкаранд. Ӯ дар ин радиф ҳамдигарёриву ҳамдардиро асоси зиндагии ҷамъиятӣ мешуморад.
Лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ низ муруват кардан бо дӯстон ва мадоро намудан бо душманонро василаи асосии муваффақ шудан ба сулҳу салоҳ мешуморад. Яъне, маънои мадоро ифодакунандаи сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ аст, ки тавассути муколама, гузашту таҳаммул метавонад ба даст ояд.
Дар таълимоти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ масъалаи ваҳдат, иттиҳод ва ҳамзистӣ як мавзуи калидӣ маҳсуб меёбад. Инсонҳоро ба қишрҳо, нажод тақсим карда, вобаста ба мавқеи ишғолкарда ва нақшҳое, ки дар ҷомеа мебозанд эҳтиром қойил шуданро қабул надорад. Дар ин замина ҳамдилиро аз ҳамзамбонӣ афзал мешуморад. Ба мазмуни дигар, ӯ вобаста ба идеологияи замони худ ва авҷ гирифтани задухӯрдҳои мазҳабӣ, ки боиси густариши таассуби динию нажодӣ гардиданд, бартариро ба қалби инсон дода, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдилиро, ки аз ин узв маншаъ мегиранд, неруи муҳаррик барои муваффақ гаштан ба сулҳу салоҳ ва дурӣ ҷустан аз ҷангу низоъ, қатлу куштор меҳисобад.
Дар тақвияти ақидаҳои зикршуда Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ваҳдатро ҳамчун василаи таҳкими ахлоқ, дӯстӣ ва суботи ҷомеа тавсиф менамояд. Мардумро ба хотири расидан ба саодат даъват ба ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонӣ, дурӣ ҷустан аз низоъ даъват менамояд.
Пас, вақте андешаҳои нобиғагони илму адаби гузаштаи худро таҳлилу баҳогузорӣ мекунем, маълум мешавад, ки онҳо мафҳуми ваҳдатро на танҳо як арзиши сиёсӣ, таъмингари амнияту субот, балки ҳамчун меъёри ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ баррасӣ мекунанд. Махсусан, тавсияву пешниҳодҳои онон нишон медиҳанд, ки ваҳдат омили муҳими субот, рушди ҷомеа ва камолоти инсон аст. Аз ин рӯ, ин ғояҳои зиндагиофар ва инсонгароёна имрӯз низ дар шароити ҷомеаи муосири Тоҷикистон мазмуну муҳтавои худро аз даст надодаанд, балки сачашмаи ташаккули андешаҳои ваҳдатофарии насли имрӯзи тоҷик гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сатҳи зарурӣ ғизои маънавӣ аз фарҳанги ноби гузаштагони худ бардоштаанд чун дар давраи сахту вазнин, ки зимоми давлатдориро ба уҳда гирифтанд барои боз доштани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз сулҳ истиқбол намуда, роҳи рафъи низоъ ва ба ваҳдат омадани мардуми ҷангзадаю азиятдидаро дар тарҳезӣ кардани модели фарҳанги сулҳофарӣ ҷӯё шуданд. Ба маънои дигар аз сулҳ оғоз кардани фаъолияти давлатдорӣ аз ҷониби Пешвои миллат дар Тоҷикистон ваҳдат ва иттиҳоди миллиро, ки қарнҳо боз маншаи андешаи миллии моро ташкил медоданд, устувор гардонид. Бинобар ин, «ин мафҳумҳо аз батни андешаи миллии мо сар зада, дар тули асрҳо инсониятро муттаҳид намуда, дар давраи соҳибистиқлолӣ ва сарнавиштсоз ба асоси маънавию ахлоқии давлати мо табдил ёфтанд. Ин мафҳумҳо ифодаҳои мазкури сеҳрангезро касб карданд, ки ҳар навъ номгузорӣ шаванд ҳам, мантиқан яклухт ва алоқаманд мебошанд…».
Файласуфи воқеъбин ва мунаққиди возеҳназари тоҷик Иброн Шарипов арзиши фалсафӣ ва тамоили ҷомеаофарӣ доштани сулҳи тоҷиконро эътироф карда, ба он чунин баҳои муносиб дода буд, ки муҳтавояш ин аст: «Сулҳи байни тоҷикон, ки натиҷаи заҳматҳои бағоят сангини тарафҳои бо ҳам муқобил, давлатҳои хайрхоҳ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ буд, марзи ҷуғрофиро убур карда, ба омили муҳими сиёсии ҳалли муноқишаҳои байни халқҳо табдил ёфт. Имрӯз кулли давлатҳои гирифтори мухосамат ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон чун роҳи мусоламат муроҷиат мекунанд, онро меомӯзанд ва сабақ мебардоранд».
Аз ин баҳодиҳӣ маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон ақл ва неруи зеҳнӣ ғолиб омад ва пеши ғазаби аҳриманиро тавонист гирад, то гурӯҳҳои даргир бо ҳам ба мувофиқа оянд. Аз ояндаи миллат, аз хатари нестшавии он андешанд. Бо ҳар васила тавассути ҷалби давлатҳои шарик ва ҳамҷавор роҳи расидан ба ҳадафро пайдо кунанд. Оқибат ин амал паёмади нек дод ва бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон мактаби сулҳофарӣ, ки аз он мамлакатҳои дар ҳоли ҷанг қарор дошта метавонанд сабақи зарурӣ омӯзанд, таъсис дода шуд.
Ҳақиқатан, ваҳдат яке аз омилҳои устувории низоми ҷамъиятӣ ва сафарбарнамоии ҳадафноки узви ҷомеа барои нойил омадан ба мақсадҳои умумии инкишоф маҳсуб мешавад. Бинобар ин, ин падидаро дар сатҳҳои мухталиф қаблан низ (оила, гурӯҳҳо, умумиятҳои иҷтимоӣ ва ғайра) пайваста дучор омадан мумкин аст. Яъне, ҳар як умумияти иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷомеа дар маҷмуъ, пайваста эҳтиёҷ ба нигоҳдорию инкишофи чунин ваҳдату ҳамбастагиро ҳис мекунад.
Яъне, хиради волою азалӣ, тамаддуни баланди оламгир, «гуфтори нек, пиндори нек ва кирдори нек», ки дар раванди таърихи қарнҳо ҳамчун арзиши бебаҳои ҷовидона хизмат карда, дар андешаву омоли миллати тоҷик ҷой гирифтааст, мардуми моро аз маҳву нобудшавӣ нигоҳ дошта, дар замони мо низ асоси ғоявии ваҳдати миллати тоҷиконро ташкил медиҳад.
Бавижа, ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳастии Тоҷикистонро дар харитаи сиёсии ҷаҳон устувор нигоҳ дошта, мардумро барои муайян кардани дурнамои рушди ҷумҳурӣ ва ояндаи дурахшони насли нави созанда ва бунёдкор равона сохт. Аз ин рӯ, таҷрибаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои истифода дар минтақаҳои дигари сайёра, иштирокчиёни муноқиша ва чӣ барои кӯшишҳо ва тадбирҳои миёнаравию эҷоди сулҳ ҳамчун қоидаи умумӣ хизмат карда метавонад.
Ин нуктаро низ собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан як падидаи нек ва арзиши бузург ҳисобида, навишта буд, ки «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад».
Муҳаққиқи дигари тоҷик Абдулло Ҳаким оид ба саҳми таърихии тоҷикон дар самти тамаддунофарию давлатсозӣ андешаронӣ карда, таъкид мекунад, ки «дар замони муосир низ тоҷикон бо ба даст овардани таҷрибаи нодири сулҳ дар соҳаи ҳалли низоъҳои дохилӣ ва такмили фарҳанги муколамаву ҳамзистии неруҳои сиёсии дорои дидгоҳҳои гуногун саҳми махсус ба ҷой монданд».
Умуман, ба сулҳ омадан ва аз хатари нестшавӣ раҳо ёфтани тоҷикон, пеш аз ҳама аз ташаббусҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дорад. Сарвари давлат бо иродаи қавӣ ва ифтихор доштан аз миллату ватан, фарҳангу арзишҳои миллӣ аввалан, андешаи сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун бозёфти нодир, инъикосу ифодагари ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо муаррифӣ намуд, ки имрӯз ба як унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ мубаддал гаштааст. Дигар ин ки хизмати назаррас ва мондагори Пешвои миллат боз он аст, ки баъди таъмин намудани фазои амну осоишта ва устувор гардонидани ваҳдати миллӣ барои миллат Сарвари давлат арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳанги миллӣ ва эҳё кардан ва муаррифӣ намудани онҳоро ба мардум омӯзонд. Бо ҷаҳду талошҳои ҳамешагӣ мактабу маориф ва илму фарҳангро бо мақсади боло бурдани маърифатнокӣ ва ҳисси худшиносию худогоҳии мардум ба масъалаи афзалиятноки низоми иҷтимоӣ табдил дод. Тавассути бунёди роҳу нақбҳо, раҳо намудани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба мамлакати транзитӣ муваффақ гашт. Эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд.
Таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои ҳушсифат ва баъдан масъалаи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ, ки ҳамчун ҳадафи чаҳоруми стратегии рушди ҷомеа эътироф ёфт, гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ, ғамхору ҷонфидои миллати тоҷик аст. Худро тавонист, ки ба сифати лидери воқеии тоҷикон, бунёдгузори ваҳдати миллӣ, асосгузори мактаби навини сиёсӣ ва худшиносии миллӣ муаррифӣ намоянд.
Ҳамин тавр, ба таври мухтасар метавон хулосабарорӣ намуд, ки ваҳдат аз ҷанбаҳои зерин метавонад ба сифати омили таҳкимбахши истиқлоли давлатӣ баромад намояд: ваҳдат суботи сиёсиро таъмин намуда, барои устувории фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ замина фароҳам овард; ба он мусоидат кард, ки тавассути ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни ҷомеа ихтилофҳо коҳиш ёфта, сулҳу оромӣ таҳким ёбад. Ваҳдат ба ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва ташаккули ҳувияти миллӣ мусоидат намуд.
Нозим МАҲМАДИЗОДА,
директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин мавзуъ
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БИЁБОНШАВӢ ВА ХУШКСОЛӢ. Дар Тоҷикистон «Нақшаи амал алайҳи биёбоншавӣ» қабул шудааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Ин рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Олуча меваи шифобахш ва ғизои витаминнок дониста мешавад
Нурҳои ултрабунафш ба саломатии инсон чӣ таъсир дорад?
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ






