Истеъмоли ҷаъфарӣ қанди хунро муътадил нигоҳ дошта, барои беморони тарбод ва зардпарвин фоида дорад
ДУШАНБЕ, 23.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаъфарӣ (петрушка) растание мебошад, ки истеъмоли он барои саломатӣ муфид аст.
Ҷаъфарӣ доруи табиӣ барои тарс, изтироб ва афсурдагӣ, муҳофизат аз фарбеҳӣ, тозагии хун ва сарчашмаи ҷавонӣ, мустаҳкам намудани системаи масунияти кӯдакон, муҳофизати бадан аз микробҳо, табобати захм ва аз ҳама муҳим- пешгирӣ аз саратон мебошад.
На танҳо барг, балки реша ва тухми ҷаъфарӣ низ шифобахш буда, дорои витаминҳои A, B1, B3, C, E, оҳан, калсий, магний, калий, фосфор, манган, натрий, мис, сулфур, хлорофил ва равған мебошанд. Истеъмоли ҷаъфарӣ ба вуҷуди инсон қувват бахшида, кори пешоб ва талхаро хуб менамояд. Аз касалиҳои зуком, шамолхӯрӣ ва табларза ҳифз мекунад. Қанди хунро муътадил нигоҳ дошта, аз касалии саратон муҳофизат менамояд. Моддаҳои заҳролудро берун карда, аз тарбод ва зардпарвин ҳифз менамояд. Хунро тоза карда, системаи асабро ором менамояд.
Ҷаъфарӣ инчунин ба бемориҳои санги гурда, фишори хун, фарбеҳӣ ва бемориҳои ҷигар фоидаи зиёд дошта, барои инкишофи кӯдакони заиф хеле муфид мебошад. Дар дилбеҳузурӣ ва кӯтоҳнафасӣ камтар ҷаъфариро хуб хоида фурӯ бурдан фоидаи зиёд дорад. Ба мӯйи сар қувват бахшида, рехтани онро пешгирӣ менамояд.
Ҳатто решаи ҷаъфариро пас аз тоза кардан бо хӯроку хӯришҳо истеъмол кардан мумкин аст. Бӯйи нофорами даҳонро низ аз байн бурда, ба нури чашм зиё мебахшад. Тавассути роҳҳои пешобдон намаки ҷамъшуда ва санги гурдаро аз бадан хориҷ мекунад. Ҳар рӯз миқдори муайяни онро истеъмол намудан зарур мебошад, чунки истеъмоли аз ҳад зиёд зарар дорад.
Шахсоне, ки ба сабаби сармохӯрдагӣ варами гурда доранд, набояд ҷаъфариро истеъмол кунанд.
Ҷаъфарӣ таъсири пуриқтидори зиддизанбурӯғӣ ва зиддибактериявияшро дар системаи урогениталӣ ва ҳозима зоҳир менамояд. Аз барг ва тухмиҳои он қиёмҳо, аз реша обпаз ё нӯшоба тайёр менамоянд. Ба ғизо доимо дар намуди тару тоза ва хокаи аз гиёҳҳои хушк ва решаҳо (250-500 мг барои як ҳиссаи хӯрок) тайёр кардашударо илова кардан мумкин аст.
Маҳсулоти ҷаъфарӣ хусусан ба паразитҳое, ки ҳангоми илтиҳоб ва хастагии организм фаъол мешаванд, самаранок таъсир мекунад. 2 қошуқча шарбати тару тозаи ҷаъфариро субҳ дар меъдаи холӣ нӯшидан доруи хуби зиддипаразитӣ ҳангоми трихомониоз ва хламидиоз мебошад. Таъми алафи ҷаъфарӣ тунду талх, решааш ширин, талх ва тухмиҳояш талх буда, гармкунанда мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Истифодаи нодурусти маводи пластикӣ ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст






