Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуд

Март 14, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 14.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 март мулоқоти Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбоев доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот масоили марбут ба таъмини амнияту бехатарӣ, мубориза бо терроризму ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ, радикализм ва дигар зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилию киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар зуҳроти номатлубу хатарбор нақши фаъолу назаррас дошта, дар ин самт пайваста ташаббускору пешоҳанг мебошад.

Мусоҳибон изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи самараноки «Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ барои солҳои 2025-2027» дар оянда ба таъмини амнияту бехатарӣ дар қаламрави кишварҳои аъзои созмон мусоидат менамояд.

Март 14, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд