Котиботи генералии Созмони ҳамкории исломӣ Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 16.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Котиботи генералии Созмони ҳамкории исломӣ 13 марти соли 2025 дар шаҳри Бишкек баимзорасии шартномаро оид ба демаркатсияи сарҳад байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонсамимона истиқбол кард», — хабар доданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо ҳарду мамлакатро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфт, ки саҳифаи ихтилофоти чандинсолаи байни онҳоро мебандад, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамоҳангии байни онҳоро барқарор мекунад, эътимоди тарафайнро тақвият медиҳад ва ба ҳамкорӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягии ду кишвари бародар такони нав мебахшад», — гуфт шудааст дар изҳорот.
Дар изҳорот инчунин таъкид гардидаачт, ки «баназардошти азми Созмони ҳамкории исломӣ барои таҳкими робитаҳои бародарӣ ва ҳамоҳангӣ байни давлатҳои аъзои он, Дабири кулл умедвор аст, ки ин дастоварди таърихӣ дар хидмат ба манфиатҳои ду мамлакат саҳм мегузорад ва асосҳои сулҳи байни онҳо ва минтақаро дар маҷмӯъ мустаҳкам мекунад».








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд






