Масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардиданд

Март 27, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодии минтақавӣ ва тақвияти муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ, бахусус дар самти густариши ҳамкории молиявӣ ва бонкдорӣ байни мамлакатҳои аъзои созмон 26 март дар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хон баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Зимни мулоқот Асад Маҷид Хон барои таҳкими ҳамкории бисёрсамтаи ташкилоти бонуфуз бо Тоҷикистон ҳамчун давлати фаъоли Созмони ҳамкории иқтисодӣ сухан гуфта, барои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди савдо ва сармоягузорӣ, нақлиёт ва энергияи барқароршаванда изҳори омодагӣ намуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд