Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд

ДУШАНБЕ, 03.03.22025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷараёни интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 2 марти соли 2025 баргузор шуд, ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд. Дар ин хусус имрӯз роҳбари намояндагӣ Леонид Анфимов зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба натиҷаҳои мониторинги омодагӣ ва баргузории маъракаи интихоботӣ изҳори назар намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
«Намояндагии мо ягон қонуншиканиеро, ки метавонад ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонад, муайян накард», — гуфт Леонид Анфимов.
Номбурда гуфт, ки овоздиҳӣ дар интихоботи вакилони халқӣ дар мамлакат дар вазъияти ором ва дараҷаи баланди ташкилӣ гузашт.
«Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба хулосае омад, ки интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 2 марти соли 2025 баргузор гардид, комилан мутобиқи Конститутсия ва қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Интихобот дар сатҳи баланди ташкилӣ, ошкоро ва шаффоф баргузор шуда, ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба изҳори озодии иродаи худ таъмин намуд», — гуфт роҳбари ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
АКС: АМИТ «Ховар»