Нақши ВАО дар ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ муҳим мебошад

Март 10, 2025 19:34

ДУШАНБЕ, 10.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоот ва нашрияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз карда шуд, ки матбуот яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди ҷомеасозӣ ва ташаккули симои мусбат бисёр муассир мебошад. Пас аз ба даст овардани истиқлолият бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуоти тоҷик ҳаматарафа рушд ёфт ва мазмуну муҳтавои нав касб намуд.

Дар идома иштирокдорон дар мавзуъҳои «Матбуот ва истиқлоли давлатӣ», «Рушди матбуоти тоҷик дар замони Истиқлолият», «Унсурҳои муосири журналистика ва таъсири он ба матбуоти чопӣ» ва оид ба таърихи матбуоти тоҷик маърӯза намуда, нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар мизи мудаввар таъкид гардид, ки матбуоти тоҷик дар роҳи пешрафт ва ташаккули афкори ҷомеа ҳамчун тарғибгару ташвиқкунандаи арзишҳои милливу умумибашарӣ содиқ буд ва ҳаст.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Март 10, 2025 19:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд