Най асбоби мусиқии қадимии тоҷикон аст, ки савти онро рамзи баҳору Наврӯз медонанд

Март 26, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Най яке аз асбобҳои қадимии тоҷик буда, онро ҳунармандон бештар дар идҳои миллӣ ва хондани сурудҳои халқӣ истифода менамоянд. Дар фасли баҳор навои ин соз бештар мегардад ва мардум аз рӯи одат савти онро рамзи баҳор медонанд. Зеро оҳанги дилнишину дилписанди сози нафасии най руҳи инсонро болида, табъашро шод ва қалбашро пурфараҳ мегардонад.

Тавре дар китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми якум), ки соли 2015 нашр шудааст, омадааст, найро бештар аз қамиш месозанд, вале навозандагон найи аз чўби тару тоза сохташударо истифода мебаранд. Инчунин ҳунармандон онро аз  чӯби зардолу, тут, чормағз месозанд.

Фарқи найи қамишӣ аз найи чӯбӣ он аст, ки дар найи қамишӣ танҳо  чанд мақом иҷро мешавад, вале дар найи чӯбӣ иҷрои оҳанг васеъ аст. Инчунин ин сози мусиқии нафасиро низ аз филиз месозанд. Дарозиаш 45-60 сантиметр буда, дарунаш холӣ аст. Аз як нӯг ба дарозӣ сӯрохе дорад, ки барои дамидани бод истифода мешавад. Дар танаи най 6-10 сӯрох мешавад, ки онҳо барои тағйир додани овоз ё лаҳн ба кор мераванд.

Таърихшиносон иброз медоранд, ки тасвири найнавозон дар маснуоти сафолии ёфтшуда нишони он аст, ки ин асбоби нафасии мусиқиро дар замонҳои пеш низ васеъ истифода мебурданд. Ҳайкалчаи суғдидухтари найнавоз то имрӯз боқӣ аст, ки найи амудӣ менавозад.

Ҳангоми дар ансамблҳои созӣ навохтани най маъмулан дигар созҳоро аз танбӯр, дутор, ғижжак ва ғайра мувофиқи баландии садои он ҷӯр менамоянд. Садои ҳуштакомези най нафису форам аст. Оҳангҳои «Муноҷот», «Наврӯзи Сабо» ва «Наврӯзи Аҷам» танҳо бо  най иҷро мешаванд.

Дар асрҳои пешин дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ найнавозон дар ҷашн ва дигар ҳамоишҳо оҳангҳо иҷро менамуданд. Най оҳанги махсус дошта, дар алоҳидагӣ ва якҷоя бо дигар созҳо дар дастаҳои мусиқӣ навохта мешавад. Имрӯз шаклҳои най хеле тағйир кардааст, вале ҳунармандон ҳамон найи тоҷикиро  васеъ истифода мебаранд.

Мегӯянд, ки навозандаи сози най аз ҳузури дили хеш нафас берун меорад, набзи ӯ бо набзи сози най метапад ва аз ин таппишҳо дар дунёи мусиқӣ оҳанги нави ҷонбахшу руҳафзо тавлид мегардад. Таваҷҷуҳи бештар ба сози най дар олами ҳунар боиси он гардид, ки дар соҳаи найтарошӣ ҳунармандони касбӣ фаъолият намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 26, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шалғамча барои пешгирии саратони даҳон, меъда, гурда ва рӯдаи ғафс фоидаовар аст
Душанбе шаҳри ҷавонӣ ва маркази имкониятҳои варзишӣ мебошад
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: «Душанбе ба як маркази воқеии илмӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа табдил ёфтааст»
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
Дар Теҳрон «Шаби устод Айнӣ ва «Ёддоштҳо»-и ӯ» баргузор шуд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САЙЁҲӢ. Соли 2024 ба пойтахти Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор сайёҳ ворид гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА АҲАМИЯТИ СИЁСИИ МАҚОМИ ПОЙТАХТ. Вакили Маҷлиси намояндагон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст