«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро расид. Оғози Наврӯз -нуқтаи эътидоли баҳорӣ — баробаршавии шабу рӯз аст. Он ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат ва эҳёи тамоми мавҷудоти олам мебошад. АМИТ «Ховар» ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибосҳо пешниҳод менамояд:
— Наврӯзи байналмилалӣ ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва руҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстию самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят менамояд.
***
Ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.
***
Наврӯз моҳиятан ҷашни мардумӣ ва ойини сирф табиӣ мебошад.
***
Наврӯз дар асл ҷашни зиндагисоз аст.
***
Дар айёми Наврӯз табиат эҳё шуда, маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷону руҳи инсон ҳам умеди тоза ба зиндагӣ кардану эҷод намудан ва обод кардану зебоӣ офаридан дубора зинда мегардад.
***
Тозаву озода намудани манзили зист, аз ҷумла хонасафедкунӣ, ба умеди файзу баракат ва нуру рӯшноӣ берун баровардани шикастпораҳо ва аз гиёҳу алафҳои баҳорӣ омода кардани ҳар гуна таомҳои миллӣ аз ҷумлаи анъанаҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро аз қадим то имрӯз риоя менамоянд.
***
Наврӯз дарбаргирандаву нигоҳдорандаи суннатҳои зиндаи халқ, расму ойинҳо ва фарҳанги миллӣ мебошад.
***
Дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад.
***
Наврӯз мисли дигар ҷашнҳои аҷдодии мо ҳикмату фалсафа ва аҳаммияти бузурги илмӣ дорад.
***
Хусусияти Наврӯз дар замири мардуми мо инъикос ёфта, аҳли башар тоҷиконро ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз мешиносанду эҳтиром менамоянд.
***
Наврӯз тарғибгари арзишҳои таҳаммулгароӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба гуногуншаклии фарҳангӣ ва сулҳу созиш мебошад.
***
Қадамҳои зиндагибахши Наврӯз баъди фасли сармо ҳамчун рамзи пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва рӯшноӣ бар торикӣ руҳи инсонҳоро болида ва қалби онҳоро саршор аз фараҳу шодӣ ва умеду орзу мегардонанд.
***
Наврӯз ҷашни кишоварзон аст ва онро аз ҳама бештар аҳли киштукор, яъне рӯзирасонҳои мардум интизорӣ мекашанд.
***
Наврӯз дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад.
***
Арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор барои ташаккули маънавиёти наслҳои имрӯзу оянда нақши калидӣ дорад.
***
Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат дар вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ ифода меёбад.
***
Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳи якдигар, навозиши ятимону маъюбон, аёдати падару модарон, беморону калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад.
***
Мо ҷашни бостонии ниёгонамон – Наврӯзи байналмилалиро дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем, ки ин неъмати бузург аст.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?






