Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо 100 ятими кул аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо 100 ятими кул аз шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот намуданд.
Мулоқоти Сарвари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модар маҳруммонда дар меҳвари таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор доштани ятимону ниёзмандон аз ҷониби давлату ҳукуматро бозгӯ мекунад.
Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро ба ятимон таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити хуби зиндагии онҳо пайваста чораҳои муассир меандешад.
«Фаъолияти мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва таъмини шароити мусоиди будубош дар онҳо ба рӯзгори босаодату дастрасии ин қишри ҷомеа ба таҳсилоти босифат мусоидати фаъол менамояд»- иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳамин ҷо ятимон аз дасти Пешвои ғамхору раъиятпарвар тӯҳфаҳо қабул карданд. Туҳфаҳо аз маҷмӯи сару либос, шириниҳо ва маблағҳои пулӣ иборат буд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарро тақозо намуданд.









Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд






