Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд

Март 25, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия ҷамъияти тоҷикон дар якҷоягӣ бо ҷавонон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Пенза Наврӯзи байналмилалиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, чорабинӣ бо иштироки намояндагони миллату халқиятҳои гуногун, омӯзгорону донишҷӯён дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи махсуси либосҳои миллии тоҷикӣ, ки рамзи зебоӣ ва ҳунари қадимии халқи тоҷик ба шумор меравад, пешкаши тамошобинон гардид. Ҳамзамон гӯшаи хӯрокҳои миллӣ бо пешниҳоди таомҳои суннатӣ, аз қабили суманак, оши палав ва шириниҳои миллӣ таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуд.

Инчунин намоишгоҳи китобҳо ташкил карда шуд, ки дар он осори адибони барҷастаи тоҷик ва адабиёти муосир муаррифӣ гардид. Иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки бо таъриху фарҳанги ғании тоҷикон аз наздик шинос шаванд.

Гуфта шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар хориҷи мамлакат барои муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ, таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ ва боло бурдани ҳисси худшиносии миллӣ байни ҷавонон аҳамияти муҳим дорад. Ҳамзамон ин гуна ҷашнҳо заминаи мусоид барои таҳкими муносибатҳои дӯстона байни донишҷӯёни миллатҳои гуногун фароҳам меоранд.

Қисмати асосии чорабинӣ дар толори калони донишгоҳ баргузор гардида, бо барномаи рангини фарҳангӣ идома ёфт.   Донишҷӯёни тоҷик бо иҷрои рақсу сурудҳои миллӣ ҳунару истеъдодашонро ба намоиш гузоштанд. Ин ҳамгироӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон арзишҳои умумибашарии Наврӯз — дӯстӣ, сулҳ ва ҳамдилиро бозгӯйӣ мекард.

Наврӯз, ки ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва оғози соли нави аҷдодӣ эътироф шудааст, имрӯз ба пули мустаҳками дӯстиву ҳамбастагӣ байни халқҳо табдил ёфтааст. Таҷлили бошукуҳи он дар шаҳри Пенза бори дигар собит сохт, ки фарҳанги тоҷикон дорои ҷойгоҳи арзанда дар ҷомеаи байналмилалӣ мебошад ва метавонад арзишҳои инсондӯстӣ ва сулҳпарвариро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 25, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд