Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд

Март 14, 2025 13:50

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, инчунин масоили мубрами минтақавӣ баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон баҳри рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он, талошҳои зарурӣ ба харҷ медиҳад”.

Масоили густариши робитаҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, энергетика, аз ҷумла ҷалби маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, муҳокима гардид.

Дастгирӣ ва тақвият додани соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, зарур шумурда шуд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори тавсеаи технологияҳои “сабз” мебошад ва дар доираи Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” то соли 2037 азм дорад, ки истеҳсоли неруи барқро пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монад. Дар ин замина афзоиши тавлиди “энергияи сабз” яке аз роҳҳои асосии табдил додани Тоҷикистон ба кишвари “сабз” маънидод шуд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби барномаҳои БОМКА, КАДАП ва ЛЕЙКА таъкид гардид.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, ҳамкорӣ дар мубориза ба хавфу таҳдидҳои амниятию муҳитзистӣ, муқовимат бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ низ аз мавзуъҳои суҳбат буд.

Мулоқот бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикела 14.03.2025

Март 14, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд