Президенти Тоҷикистон: «13 ҳазор нафар духтарони тоҷик дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд»
ДУШАНБЕ, 09.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар 42 давлати дунё 42 ҳазору 315 нафар ҷавонони боистеъдоди мо таҳсил менамоянд, ки беш аз 13 ҳазор нафар ё 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 март зимни маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иброз намуданд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1989, яъне дар 70 соли низоми гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону духтарон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардидаанд.
«Яъне шумораи занону духтарони соҳиби маълумоти олӣ нисбат ба давраи қабл аз истиқлол қариб чор баробар афзудааст. Ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва 13 ҳазор нафар дар давлатҳои хориҷӣ ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул мебошанд»,-изҳор намуданд Сарвари давлат.
Таъкид гардид, ки ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ба афзоиши шумораи мутахассисони маълумоти олидор аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасти мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






