Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти фермаи парвариши чорвои зотии ҶДММ «Саховат» шинос шуданд

Март 30, 2025 12:40

ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти фермаи парвариши чорвои зотии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саховат» шинос шуданд.

Фермаи парвариши чорвои зотӣ аз ҷониби соҳибкор Ҳалимбой Каримов таъсис дода шуда, мақсад аз он нигоҳубини навъҳои хушзоту сермаҳсули чорвои калони шохдор мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ферма 100 сар гови зотҳои Сементал ва Голштейн нигоҳубин карда мешавад. Фермаи ширӣ дар масоҳати 3 гектар бунёд шуда, дар он 15 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд. Аз чорвои калони ширдеҳ, ки теъдодаш ба 50 сар мерасад, ҳар шабонарӯз бештар аз 1 тонна шир гирифта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба имкониятҳои фаровони минтақа, дастур доданд, ки теъдоди чорвои зотӣ дар ҳудуди комплекси агросаноатӣ зиёд ва роҳу василаҳои таъмини афзоиши истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво пайдо карда шавад.

Нигоҳубини чорво дар ин ферма, ки дар муддати кӯтоҳ ташкил гардидааст, тариқи замонавӣ ба роҳ монда шуда, технологияи муосир аз давлатҳои хориҷӣ харидорӣ ва насбу васл шудааст.

Наслгирӣ дар мавсими ҷорӣ хуб буда, аҳли заҳмат барои парвариши чорвои навзод ҳамаи имкониятҳоро мақсаднок истифода карда, нигоҳубини гӯсолаҳоро тибқи технология ва меъёрҳои муосири чорводорӣ ба роҳ мондаанд.

Фермаи мазкур дар асоси барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалисозии стратегияи давлатии таъмини амнияти озуқаворӣ, хушзоткунии чорво ва воридоту ба иқлими минтақа мувофиқ сохтани зотҳои сермаҳсул таъсис дода шудааст.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон таъкид карданд, ки дар шароити имрӯза танҳо парвариши чорвои зотӣ имкон фароҳам меорад, ки бозори истеъсолӣ бо гӯшту шири босифати аз лиҳози экологӣ тоза таъмин бошад.

Таъкид гардид, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши чорводорӣ, омӯзиши таҷрибаи муосир дар ин самт, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла беҳтарсозии зоти чорво ва афзоиш додани маҳсулнокӣ, беҳсозии фаъолияти нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, пешгирии коҳишёбии саршумори чорвои зотӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини пешрафти ин бахши соҳаи кишоварзӣ бояд васеъ ба роҳ монда шавад.

Роҳбарияти комплекси агросаноатӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки ояндаи наздик теъдоди говҳои ҷӯшо дар ҳамин ферма то ба 400 сар расонида мешавад. Барои таъмини ин нишондод ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти фермаи парвариши чорвои зотии ҶДММ «Саховат», Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки чорводорӣ аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, аҳолии кишварро бо гӯшту шир ва корхонаҳои саноатиро бо ашёи хом таъмин менамояд. Аз ин хотир Ҳукумати кишвар ба рушди он таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, барои зиёд кардани саршумори чорво аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурданро тақозо менамояд.

Зимнан хоҷагидоронро зарур аст, ки аз имтиёзу дастгириҳои давлатӣ самаранок истифода карда, рушди ин соҳаи сердаромадро таъмин созанд.
Шиносоӣ бо фаъолияти фермаи парвариши чорвои зотии ҶДММ Саховат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 30.03.2025

Март 30, 2025 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд