Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли ашёи рӯзгори ҶДММ «Ситора саноат»-ро мавриди истифода қарор доданд

Март 29, 2025 12:16

ДУШАНБЕ, 29.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли ашёи рӯзгори ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситора саноат»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи мазкур барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо истифода аз имтиёзу имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Суҳроб Ғафуров, бо харҷи наздик ба ду миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Тавре иттилоъ доданд, техникаву таҷҳизоти истеҳсолӣ сохти ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар корхона 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, дар он 7 намуд ашёи рӯзгор, аз ҷумла таҷҳизоти гармӣ ва шамолдиҳӣ истеҳсол мегардад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 15 ҳазор дона ашёи рӯзгор буда, маҳсулоташ ивазкунандаи воридот мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 ҳамин анвои маҳсулот ба ҳаҷми 7,5 миллион доллари ИМА ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид шудааст.

Акнун имкон фароҳам омад, ки истеҳсоли ин ва дигар навъҳои ашёи рӯзгор дар дохили кишвар ба роҳ монда шавад.

Дар корхона барои фаъолияти кормандон шароити лозима фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот баҳои баланд дода, вобаста ба зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ, ба роҳ мондани содироти он дар оянда ва зиёд намудани маоши кормандон тавсияҳои судбахш доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахши хусусӣ бо истифода аз имконот ва иқтидорҳои фарохи мавҷуда ҳамасола корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар онҳо шаҳрвандони зиёд бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба бахши хусусӣ боиси дилгармии соҳибкорон дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ гардида, ҳамчунин сабаби тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ва ғанӣ гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти саноатӣ мешавад.

Ифтитоҳи корхонаи ашёи рӯзгори ҶДММ Ситора саноат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 29.03.2025

Март 29, 2025 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон